https://sputnik.tj/20260913/sabti-korju-dar-viloyati-sugd-1080391201.html
Сабти беш аз 17 ҳазор корҷӯ дар вилояти Суғд
Сабти беш аз 17 ҳазор корҷӯ дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки қариб нисфи шаҳрвандоне, ки ба мақомот бароои кор муроҷиат кардаанд занҳо мебошанд
2026-09-13T16:22+0500
2026-09-13T16:22+0500
2026-09-14T12:55+0500
дар тоҷикистон
суғд
кор
корҷӯ
меҳнат
шуғл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066923071_0:0:1595:897_1920x0_80_0_0_e54e38d61756579768b0a8ecec18f8c0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд 24 ҳазору 303 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки аз ин шумора 11 ҳазору 570 нафараш зан мебошад.Дар ин бора Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои ҳамин ниҳод аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 17 ҳазору 403 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти соҳа таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб мебошад.Бино ба иттилои масъулон, тибқи Барномаи давлатӣ барои соли 2026 дар вилоят таъмин намудани 20 ҳазору 602 нафар бо ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд зикр кардааст, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди малакаҳои касбӣ низ муҳим аст.Таъкид карда шудааст, ки талаботи бозори меҳнат сол ба сол тағйир меёбад ва корфармоён бештар ба мутахассисони соҳибихтисос ниёз доранд.“Бо ин мақсад, аз ҳисоби шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда 3352 нафар барои омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор роҳхат гирифт. Ҳамзамон, тавассути низоми худмаблағгузорӣ боз 4721 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардид”, хабар дод Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд.
https://sputnik.tj/20260123/tojikiston-nazdik-73-haz-bekor-sohibi-joyi-kor-gardid-1074739777.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066923071_0:23:1726:1317_1920x0_80_0_0_b0f94054280b2f0b631a4811c6efaa10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, кор, корҷӯ, меҳнат, шуғл
дар тоҷикистон, суғд, кор, корҷӯ, меҳнат, шуғл
Сабти беш аз 17 ҳазор корҷӯ дар вилояти Суғд
16:22 13.09.2026 (Навсозишуда: 12:55 14.09.2026) Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки қариб нисфи шаҳрвандоне, ки ба мақомот бароои кор муроҷиат кардаанд занҳо мебошанд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд 24 ҳазору 303 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки аз ин шумора 11 ҳазору 570 нафараш зан мебошад.
Дар ин бора Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳод аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 17 ҳазору 403 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти соҳа таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб мебошад.
Бино ба иттилои масъулон, тибқи Барномаи давлатӣ барои соли 2026 дар вилоят таъмин намудани 20 ҳазору 602 нафар бо ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
“То имрӯз ба 12 ҳазору 80 нафар барои пайдо намудани ҷойи кори доимӣ мусоидат карда шуд”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлатӣ.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд зикр кардааст, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди малакаҳои касбӣ низ муҳим аст.
Таъкид карда шудааст, ки талаботи бозори меҳнат сол ба сол тағйир меёбад ва корфармоён бештар ба мутахассисони соҳибихтисос ниёз доранд.
“Бо ин мақсад, аз ҳисоби шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда 3352 нафар барои омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор роҳхат гирифт. Ҳамзамон, тавассути низоми худмаблағгузорӣ боз 4721 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардид”, хабар дод Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд.