Тоҷикистон дар 25 сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро 122 баробар зиёд кардааст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВыставка овощей и фруктов
Выставка овощей и фруктов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 85 миллиард сомонӣ расид.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Вай гуфт, ки дар ин давра истеҳсоли ғалла 6 баробар, картошка 12, сабзавот 11 ва мева 48 баробар зиёд гардид.
Ба иттилои раисҷумҳур ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 85 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфтааст.
Соҳаи кишоварзии кишвар беш аз 21% Маҷмуи маҳсулоти дохилиро фаро гирифта, зиёда аз 61% аҳолиро бо ҷойи кор таъмин менамояд.
"Имрӯз сатҳи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ беш аз 85%-ро ташкил медиҳад”, гуфт роҳбари кишвар.
Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбат ба талаботи меъёрҳои физиологӣ баланд гардид.
Агропромышленная выставка Золотая Осень. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Вазорати кишоварзӣ: Худтаъминкунии Тоҷикистон ба маҳсулоти асосии ғизоӣ ба 85% расид
Дар давраи соҳибистиқлолӣ истеҳсоли картошка 135,4%, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 4 маротиба, сабзӣ 3,9 маротиба, полезӣ 3,9 маротиба, мева ва ангур 100%, гӯшт 104,1%, шир 100% ва тухм 74% таъмин гардид.
Кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими иқтисод мебошад.
Лентаи хабарҳо
0