https://sputnik.tj/20260912/avvalin-safiri-tojikiston-umon-sultoni-etimodnoma-1080372210.html
Аввалин Сафири Тоҷикистон дар Умон ба Султони ин кишвар эътимоднома супорид
Аввалин Сафири Тоҷикистон дар Умон ба Султони ин кишвар эътимоднома супорид
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қасри Ал-Ҳусни шаҳри Салолаи Султонниши Умон маросими супоридани эътимодномаи нахустин Сафири Тоҷикистон ба Султони Умон сурат гирифт
2026-09-12T11:31+0500
2026-09-12T11:31+0500
2026-09-12T11:31+0500
дар тоҷикистон
уммон
сафир
эътимоднома
сиёсат
дипломатия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0b/1080372006_0:0:717:404_1920x0_80_0_0_108aceed317705030fec7c497249f9ae.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Аввалин сафири Тоҷикистон дар Султоннишини Умон Зубайдулло Зубайдзода ба Султони ин кишвар Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид эътимоднома супорид.Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Султоннишини Умон хабар дод.Зимни маросими супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон ба Султони Умон дуруду паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Султоннишини Умон арҷи хосса мегузорад.Вай гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф мебошад.“Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Султоннишини Умон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омода аст ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам густариш диҳад”, - қайд кард Зубайдулло Зубайдзода.Сафир омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд иброз дошт.Вай нақши дипломатияи фаъолро дар таҳкими муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Султоннишини Умон муҳим арзёбӣ намуд.Дар ҳамин ҳол, Султони Умон ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруду таманниёти неки худро расонида, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрикоти самимии хешро иброз кард.
https://sputnik.tj/20190401/Zubaydzoda-ba-muovini-vaziri-khorijii-Saltanati-Umon-nuskhai-etimodnoma-dod-1028587210.html
уммон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0b/1080372006_38:0:705:500_1920x0_80_0_0_2450fa80b7cdec0eecf9e18135262898.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, уммон, сафир, эътимоднома, сиёсат , дипломатия
дар тоҷикистон, уммон, сафир, эътимоднома, сиёсат , дипломатия
Аввалин Сафири Тоҷикистон дар Умон ба Султони ин кишвар эътимоднома супорид
Дар Қасри Ал-Ҳусни шаҳри Салолаи Султонниши Умон маросими супоридани эътимодномаи нахустин Сафири Тоҷикистон ба Султони Умон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Аввалин сафири Тоҷикистон дар Султоннишини Умон Зубайдулло Зубайдзода ба Султони ин кишвар Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид эътимоднома супорид.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Султоннишини Умон хабар дод.
Зимни маросими супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон ба Султони Умон дуруду паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Султоннишини Умон арҷи хосса мегузорад.
Вай гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф мебошад.
“Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Султоннишини Умон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омода аст ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам густариш диҳад”, - қайд кард Зубайдулло Зубайдзода.
Сафир омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд иброз дошт.
Вай нақши дипломатияи фаъолро дар таҳкими муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Султоннишини Умон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, Султони Умон ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруду таманниёти неки худро расонида, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрикоти самимии хешро иброз кард.