Дар Тоҷикистон шумори нафақагирон дар даврони соҳибистиқлолӣ афзоиш ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешДедушка идет по улице, архивное фото
Дедушка идет по улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Обуна шудан
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон дар кишвар 53% зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Агар соли 1991 шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон беш аз 572 ҳазор нафарро ташкил медод, то 1 августи соли 2026 шумораи нафақагирон ба 886 ҳазору 164 нафар расид, яъне 53% зиёд шудааст.
Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар додааст.
Омили зиёдшавии нафақагирон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба иттилои мақомот ин афзоиши босуръати аҳолӣ ва дарозумрии инсонҳо будааст.
Нишонаи дарозумрӣ дар мамлакат болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури кишвар эълон кард, ки аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба11 миллион нафар мерасад, киин нишондод дар аввали солҳои 1990 дубаробар зиёд аст.
Тибқи омор, дар соли 1992 шумораи аҳолии кишвар беш аз 5,6 миллион нафарро ташкил медод, ки аз 10 миллион дар соли 2023 зиёдтар буд.
"Аҳолии кишвар ду баробар афзудааст ва то охири соли ҷорӣ ба 11 миллион мерасад", - таъкид кард Раҳмон.
Торжественное мероприятие в честь 35-летия независимости Таджикистана на стадионе Бохтар.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Раҳмон: Аҳолии Тоҷикистон аз аввали солҳои 1990 ду баробар афзоиш ёфтааст
Тибқи маълумоти Агентии омор, вилояти Хатлон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, то 1-уми июли соли равон дар ин минтақа 3 миллиону 919,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.
Вилояти Суғд бо 3 миллиону 35,8 ҳазор нафар дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 325,1 ҳазор нафар, дар шаҳри Душанбе 1 миллиону 300,8 ҳазор нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 236,8 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши аҳолӣ ба иқтидори меҳнатӣ ва бозори дохилии кишвар таъсири мусбат расонида, ҳамзамон зарурати рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣро бештар мекунад.
Ҳамин тариқ, дар давоми як соли охир шумораи аҳолии кишвар 2% афзуда, тамоюли афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0