Тиҷорати Қирғизистон бо кишварҳои ИИАО дар панҷ сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт

© Sputnik / Asatur YesayantsФлаги стран ЕАЭС. Архивное фото
Флаги стран ЕАЭС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Обуна шудан
Табодули колои Қирғизистон бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар панҷ соли ахир 2,4 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Ба гуфтаи муовини аввали сарвазири Қирғизистон Дониёр Амангелдиев, гардиши тиҷоратии кишвараш бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар панҷ соли охир 2,4 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 5,9 миллиард доллар расидааст.
Хадамоти матбуотии Девони Вазирони Қирғизистон ба хабарнигорон гуфт, ки Амангелдиев зимни сафари корӣ ба Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ширкат варзид. Дар ҷаласа вазъи тиҷорати мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО баррасӣ шуд.
"Гардиши тиҷоратии Қирғизистон бо кишварҳои ИИАО дар соли 2025 ба 5,9 миллиард доллар расид, ки нисбат ба соли 2020 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст", - таъкид кардааст мақомдори қирғиз.
Монумент Ворота Индии в Нью-Дели. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Ҳиндустон ният дорад бо ИИАО созишнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо расонад
Дар ҷаласа дар маҷмӯъ 48 масъалаи марбут ба рушди бахши кишоварзӣ, вазъи тиҷорати мутақобила байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, рушди инфрасохтори нақлиёт ва энергетикӣ ва ҳамгироии рақамӣ баррасӣ шуданд.
"Ба рушди бахши кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё диққати хос зоҳир шуд.
Лентаи хабарҳо
0