Боздид Далер Ҷумъа аз иншоотҳои энергетикӣ дар ВМКБ

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСолнечные панели. Иллюстративное фото
Солнечные панели. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Обуна шудан
Вазири энергетика ва заираҳои оби Тоҷикистон барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои навсозию таҷдид дар иншоотҳои энергетикии ВМКб дастуру супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ахиран вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз як қатор иншооти энергетикӣ боздид намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, нахуст, вазир ба неругоҳи офтобии деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон ташриф овард.
Қайд карда шудааст, ки иншооти навбунёд, бо иқтидори 3 МВт ҳоло калонтарин неругоҳи вилоят аст.
“Зимни шиносоӣ бо фаъолияти зеристгоҳи барқии 35/10 кВ "Бизмич" (Хоруғ) иттилоъ дода шуд, ки қисмати 10 кВ-и зеристгоҳ навсозӣ шуда, ба системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ ва назорати SCADA пайваст карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Тағйирот дар соҳаи энергетика ва пирӯзиҳои калон: моҳи август дар Тоҷикистон чӣ гуна буд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Тағйирот дар соҳаи энергетика ва пирӯзиҳои калон: моҳи август дар Тоҷикистон чӣ гуна буд.
Ҳамзамон вазири энергетика ва захираҳои об аз зеристгоҳи барқии 110/35 кВ "Қозидеҳ" (Ишкошим) дидан намуд.
Зимни боздид Далер Ҷумъа аз масъулини соҳа талаб намуд, ки барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои навсозию таҷдид, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои барқӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0