https://sputnik.tj/20260910/gardishi-mol-rusiya-tojikiston-afzoish-1080315374.html
Дар нимаи аввали соли 2026 гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон 25% афзоиш ёфт
Дар нимаи аввали соли 2026 гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон 25% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон буда, мавқеи пешсафи худро дар сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар нигоҳ доштааст
2026-09-10T10:41+0500
2026-09-10T10:41+0500
2026-09-10T13:37+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
тиҷорат
додугирифт
гардиши мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071075729_0:42:3252:1871_1920x0_80_0_0_ab531f5efd5f8ccba2ba0b6b1853de81.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2026, Русия ва Тоҷикистон гардиши молро 25% афзоиш додаанд.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия дар паёми табрикотӣ ба муносибати 35-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ хабар дод.Қайд карда мешавад, ки суръати афзоиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2025 дар сатҳи шабеҳи 25% буд.Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон 320 корхона бо иштироки Русия бомуваффақият фаъолият доранд ва беш аз 96% додугирифт бо асъори миллии ду кишвар анҷом дода мешаванд.Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазорат, комиссияи байниҳукуматӣ дар умури ҳамкории ду кишвар фаъолона кор дорад.Ғайр аз ин, Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Маскав ва Душанбе дар доираи ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳо зич ҳамкорӣ доранд."Ҳамкории дуҷониба байни кишварҳои мо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва дар соҳаи муҳоҷират, фаъолона рушд мекунад. Дар ин замина, механизмҳои ҳамкории дуҷониба тавассути вазорату идораҳои дахлдор такмил дода мешаванд", - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.Илова бар ин, вазорат таъкид кардааст, ки Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ нақши калидӣ доштааст.Вазорати корҳои хориҷии Русия дар поёни ин паём ҳамкорони тоҷики худро бо ҷашни миллӣ табрик гуфта, ба онҳо комёбӣ, рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно кардааст.
https://sputnik.tj/20260907/marhilahoi-kalidi-munosibathoi-rusiya-tojikiston-1080256125.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071075729_628:50:3225:1997_1920x0_80_0_0_dcf44404d11d7cffbaef38b519ca37de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, тиҷорат, додугирифт, гардиши мол
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, тиҷорат, додугирифт, гардиши мол
Дар нимаи аввали соли 2026 гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон 25% афзоиш ёфт
10:41 10.09.2026 (Навсозишуда: 13:37 10.09.2026) Русия шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон буда, мавқеи пешсафи худро дар сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар нигоҳ доштааст
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2026, Русия ва Тоҷикистон гардиши молро 25% афзоиш додаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия дар паёми табрикотӣ ба муносибати 35-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки суръати афзоиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2025 дар сатҳи шабеҳи 25% буд.
Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон 320 корхона бо иштироки Русия бомуваффақият фаъолият доранд ва беш аз 96% додугирифт бо асъори миллии ду кишвар анҷом дода мешаванд.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазорат, комиссияи байниҳукуматӣ дар умури ҳамкории ду кишвар фаъолона кор дорад.
"Русия шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Чанд сол аст, ки он мавқеи пешсафро дар сармоягузории мустақим ба иқтисоди ҷумҳурӣ нигоҳ медорад", - изҳор дошт вазорат.
Ғайр аз ин, Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Маскав ва Душанбе дар доираи ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳо зич ҳамкорӣ доранд.
"Ҳамкории дуҷониба байни кишварҳои мо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва дар соҳаи муҳоҷират, фаъолона рушд мекунад. Дар ин замина, механизмҳои ҳамкории дуҷониба тавассути вазорату идораҳои дахлдор такмил дода мешаванд", - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Илова бар ин, вазорат таъкид кардааст, ки Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ нақши калидӣ доштааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар поёни ин паём ҳамкорони тоҷики худро бо ҷашни миллӣ табрик гуфта, ба онҳо комёбӣ, рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно кардааст.