https://sputnik.tj/20260908/peskov-putin-pashinyan-maskav-ravobiti-iiao-barrasi-1080254764.html
Песков: Путин ва Пашинян дар Маскав равобити Арманистонро бо ИА ва ИИАО баррасӣ мекунанд
Песков: Путин ва Пашинян дар Маскав равобити Арманистонро бо ИА ва ИИАО баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Арманистон барои ҳалли сарнавишти кишвараш дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба Маскав меояд
2026-09-08T11:41+0500
2026-09-08T11:41+0500
2026-09-08T11:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иқтисод
иттиҳоди аврупо
владимир путин
никол пашинян
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076596875_0:221:3071:1948_1920x0_80_0_0_9f8a594075645bf2bb1af8d2f1721254.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, эълон кард, ки раҳбари Русия Владимир Путин ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар Маскав роҳи Арманистонро ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ва узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баррасӣ хоҳанд кард.Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Кремл, ду раҳбар "имконияти бори дигар пайдо кардани мавзӯи асосиро аз ҳама ҷиҳатҳо хоҳанд дошт.""Ин, дар ниҳоят, масъалаи интихоби самти рушди Арманистон, самти ҳаракати он ва баргузории раъйпурсии мувофиқ аст", - афзуд Песков.Пашинян қаблан изҳор дошт, ки кишвар қасд дорад раванди дархост барои узвият дар ИА-ро дар ояндаи наздик оғоз кунад.Песков дар ин робита қайд кард, ки меъёрҳои ИА ва ИМАО номувофиқанд ва ин мухолифатҳо ба Арманистон зарар мерасонанд.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260905/mughuliston-natija-musbat-sozishnoma-iiao-1080185267.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076596875_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b5a34e2e1b59db48c23fe41039167797.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, иттиҳоди аврупо, владимир путин, никол пашинян
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, иттиҳоди аврупо, владимир путин, никол пашинян
Песков: Путин ва Пашинян дар Маскав равобити Арманистонро бо ИА ва ИИАО баррасӣ мекунанд
Сарвазири Арманистон барои ҳалли сарнавишти кишвараш дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба Маскав меояд
ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, эълон кард, ки раҳбари Русия Владимир Путин ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар Маскав роҳи Арманистонро ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ва узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баррасӣ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Кремл, ду раҳбар "имконияти бори дигар пайдо кардани мавзӯи асосиро аз ҳама ҷиҳатҳо хоҳанд дошт."
"Ин, дар ниҳоят, масъалаи интихоби самти рушди Арманистон, самти ҳаракати он ва баргузории раъйпурсии мувофиқ аст", - афзуд Песков.
Пашинян қаблан изҳор дошт, ки кишвар қасд дорад раванди дархост барои узвият дар ИА-ро дар ояндаи наздик оғоз кунад.
Песков дар ин робита қайд кард, ки меъёрҳои ИА ва ИМАО номувофиқанд ва ин мухолифатҳо ба Арманистон зарар мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.