https://sputnik.tj/20260907/tijorati-khorijii-iiao-kishvarhoi-shsh-1080227867.html
Қариб нисфи тиҷорати хориҷии ИИАО бо кишварҳои СҲШ аст
Қариб нисфи тиҷорати хориҷии ИИАО бо кишварҳои СҲШ аст
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодиит Авруосиё ҳамкориҳои тиҷориашро бо кишварҳои узви СҲШ боз ҳам тақвият хоҳзад дод
2026-09-07T11:41+0500
2026-09-07T11:41+0500
2026-09-07T11:46+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
сҳш
иқтисод
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/10/1071238643_39:0:821:440_1920x0_80_0_0_6b355309443489edfa3bd3f09958b577.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Ба гуфтаи Дониёр Иманалиев, вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии ИИАО, тақрибан нисфи табодули колои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба кишварҳои СҲШ рост меояд.Вай дар ин бора дар ҷаласаи "ИИАО-СҲШ: Ҳамкории иқтисодӣ барои рушди устувор" дар Форуми иқтисодии шарқӣ хабар додБа гуфтаи вай, дар панҷ соли охир байни ИИАО ва СҲШ зерсохтори ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.Вазир рушди зерсохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, ҳамкории гумрукӣ, ҳамкории саноатӣ, энергетика ва рақамикунониро ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номид.Таваҷҷуҳи махсус ба эҷоди муҳити бефосилаи рақамӣ дар фазои ИИАО равона карда мешавад.Иманалиев инчунин эълон кард, ки "Рӯзҳои ИИАО" дар қароргоҳи СҲШ дар Пекин 17 сентябри соли 2026 баргузор мешаванд.Дар ин чорабинӣ имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак барои татбиқи Ёддошти тафоҳум байни ИИАО ва Котиботи СҲШ барои солҳои 2027-2030 пешбинӣ шудааст.Вазир инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар формати "ИИАО-СҲШ-АСЕАН"-ро баррасӣ кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи асосӣ пайдо кардани заминаи муштарак ва ҳамоҳангсозии тадриҷии равишҳои танзимкунанда бо нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳо барои ҳамаи ҷонибҳо мебошад.
https://sputnik.tj/20260905/mughuliston-natija-musbat-sozishnoma-iiao-1080185267.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/10/1071238643_137:0:724:440_1920x0_80_0_0_3c5831e1afa6369d5dd9470125aceaa8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, сҳш, иқтисод, равобит
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, сҳш, иқтисод, равобит
Қариб нисфи тиҷорати хориҷии ИИАО бо кишварҳои СҲШ аст
11:41 07.09.2026 (Навсозишуда: 11:46 07.09.2026) Иттиҳодияи иқтисодиит Авруосиё ҳамкориҳои тиҷориашро бо кишварҳои узви СҲШ боз ҳам тақвият хоҳзад дод
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Ба гуфтаи Дониёр Иманалиев, вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии ИИАО, тақрибан нисфи табодули колои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба кишварҳои СҲШ рост меояд.
Вай дар ин бора дар ҷаласаи "ИИАО-СҲШ: Ҳамкории иқтисодӣ барои рушди устувор" дар Форуми иқтисодии шарқӣ хабар дод
"Созмони ҳамкории Шанхай на танҳо ҳамсояи ҷуғрофӣ барои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, балки пеш аз ҳама шарики муҳим аст",- қайд кард Иманалиев.
Ба гуфтаи вай, дар панҷ соли охир байни ИИАО ва СҲШ зерсохтори ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.
Вазир рушди зерсохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, ҳамкории гумрукӣ, ҳамкории саноатӣ, энергетика ва рақамикунониро ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номид.
Таваҷҷуҳи махсус ба эҷоди муҳити бефосилаи рақамӣ дар фазои ИИАО равона карда мешавад.
Иманалиев инчунин эълон кард, ки "Рӯзҳои ИИАО" дар қароргоҳи СҲШ дар Пекин 17 сентябри соли 2026 баргузор мешаванд.
Дар ин чорабинӣ имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак барои татбиқи Ёддошти тафоҳум байни ИИАО ва Котиботи СҲШ барои солҳои 2027-2030 пешбинӣ шудааст.
Вазир инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар формати "ИИАО-СҲШ-АСЕАН"-ро баррасӣ кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи асосӣ пайдо кардани заминаи муштарак ва ҳамоҳангсозии тадриҷии равишҳои танзимкунанда бо нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳо барои ҳамаи ҷонибҳо мебошад.