Раҳмон: Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2026
Обуна шудан
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 50 миллиард сомонӣ равона карда шуд
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи даҳҳо лоиҳаи дигар идома дорад.
Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон хабар дод.
Кишвардори Тоҷикистон иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 50 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар вилоят 48 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст.
Денежные купюры США. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2026
Кишварҳои ИДМ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 3 млрд. доллар сармоягузорӣ карданд
Аз оғози татбиқи ин лоиҳаҳо дар доираи онҳо 1,2 миллиард доллар маблағ азхуд гардидааст.
Ҳамчунин то 1 июни соли 2026 дар вилоят 30 ҳазору 866 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 27 ҳазору 896 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва 2970 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ташкил гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0