Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Украина мехоҳад аз як қатор созишномаҳои ИДМ хориҷ шавад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкФлаг Украины, поднятый у здания Верховной рады.
Флаг Украины, поднятый у здания Верховной рады. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2026
Обуна шудан
Намояндаи девони вазирони Украина дар парлумон ин кишвар гуфт, ки кишвараш ният доранд аз як қатор созишномаҳои ИДМ хориҷ шаванд
ДУШАНБЕ, 5 сен - Sputnik. Тарас Мелничук, намояндаи девони вазирони Украина дар парлумон, ба Радаи Олӣ лоиҳаи қонунро дар бораи хориҷ шудан аз якчанд созишномаҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) пешниҳод кард.
"Кобини Вазирон дар Радаи Олӣ лоиҳаи қонунро "Дар бораи қатъ кардан, бозхонд ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалии Украина, ки аз ҷониби Ҳукумати Украина бо ҳукуматҳои Русия, Беларус ва дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баста шудаанд", ба қайд гирифт", - навиштааст Мелничук дар канали Telegram-и худ.
Ғайр аз ин, Киев Созишнома дар бораи шартҳои умумӣ ва механизми дастгирии рушди ҳамкории саноатӣ байни корхонаҳо ва саноати кишварҳои узви ИДМ-ро, ки 23 декабри соли 1993 дар Ашқобод имзо шудааст, бекор мекунад.
Дар соли 2018 Украина қарор кард, ки иштирокро дар шӯроҳои ҳамоҳангсози ИДМ қатъ кунад.
Второй раунд переговоров России и Украины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Туркия ташаббусҳоро дар мавриди Украина бо ИМА ҳамоҳанг мекунад
Намояндагии Украина дар мақомоти қонунгузории ИДМ дар моҳи августи соли 2018 баста шуд.
Аммо, чунон ки дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев хабар дод, Украина узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боқӣ мемонад; Киев дархости баромадан аз ИДМ-ро пешниҳод накардааст.
Лентаи хабарҳо
0