Зоҳидӣ: Тоҷикистон аз таҳримҳо алайҳи Эрон ҳимоят намекунад

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном. Иллюстративное фото
Национальный флаг Ирана над Тегераном. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2026
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо таъкид бар мухолифати кишвараш бо таҳримҳо алайҳ Эрон гуфт, ки таҳрим ба нафъи ҳеҷ кишваре нест
ДУШАНБЕ, 4 сент - Sputnik. Низомиддн Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар нишаст хабарӣ ба муносибати 35 солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфт, ки таҳрим ба нафъи ҳеҷ кишваре нест ва бисёре аз таҳримҳо нақзи қавонини байналмилалӣ аст.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон аз таҳримҳо алайҳи Эронро ҳимоят намекунад ва мухолифи онҳо мебошад.
“Назари Тоҷикистон дар мавриди таҳримҳо ин аст, ки таҳрим ба нафъи ҳеҷ кишваре нест , на ба нафъи кишваре ки таҳримро вазъ мекунад ва на ба нафъи кишваре, ки таҳти таҳрим қарор мегирад. Муттаассифона дар ҷаҳони имрӯз аз таҳримҳо ба унвони абзору аҳрумӣ барои ҳали масоили сиёсӣ истифода мешавад”, - гуфт ӯ.
Сафир қайд кард, ки дар соли 2026 равобити тиҷорию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Эрон босуръат рушд ёфта, ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба афзоиши назаррас ба қайд гирифт.
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои тиббиро ба сатҳи нав мебароранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои тиббиро ба сатҳи нав мебароранд.
Гардиши мол миёни ду кишвар ба 254,3 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,8% (ё 32,8 миллион доллар) зиёд аст.
Эрон дар айни замон яке аз панҷ шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ахиран дар мулоқотҳои сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён, дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуд.
Ҳарду кишвар нақша доранд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми табодули колоро аввал ба 500 миллион доллар ва сипас ба 1 миллиард доллар расонанд.
Лентаи хабарҳо
0