Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Олмон ба боздошти украиниҳо барои таркишҳо вокуниш накард

© Sputnik / Кристина Соловьёва / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Обуна шудан
Додситонии Олмон бовар дорад, ки тахрибкорӣ дар лӯлаи "Маҷрои Шимолӣ" бо фармони мақомоти ҳукумати Украина анҷом дода шудааст
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Мақомоти Олмон консулгарии генералӣ ё марказҳои фарҳангии Украинаро набастаанд, сарфи назар аз он, ки худашон дар бораи даст доштани Украина дар таркишҳои "Маҷрои Шимолӣ 2" изҳор доштанд.
Дар ин бора, Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия изҳори назар кард.
Вазири корҳои хориҷии Олмон Йоханн Вадефул рӯзи сешанбе эълон кард, ки Олмон консулгарии генералии Русияро дар Бонн мебандад ва созишномаро дар бораи Хонаи Русия дар Берлин қатъ мекунад.
Пеш аз ин, вазири корҳои дохилии Олмон Александр Добриндт беасос Русияро ба даст доштан дар ҳодисаи ҳавопаймои бесарнишин дар фурудгоҳи Лейптсиг айбдор карда буд. Маскав ин ҳодисаро ҳамчун як таҳрики шитобкорона рад кард.
"То ҳол ҳамаи онҳое, ки дар солҳои охир чизеро, ки олмониҳо доштанд, тарконданд, украиниҳо буданд, ки худи олмониҳо онҳоро дастгир карданд. Оё онҳо ҳатто як консулгарии генералии Украинаро дар қаламрави худ дар давраи мурофиаи идомаёбанда бастанд? Онҳо ин корро накарданд. Оё онҳо ягон маркази фарҳангии Украинаро бастанд? Не", - гуфт Песков дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии "Вести".
Тарқишҳо дар ду лӯлаи содиротии гази Русия ба Аврупо - "Маҷрои Шимолӣ 1 ва Маҷрои Шимолӣ 2 - 26 сентябри соли 2022 рух доданд.
Олмон, Дания ва Шветсия инро харобкорӣ унвон карданд. Дар моҳи августи соли 2025, афсари собиқи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина Сергей Кузнетсов дар Италия бо гумони даст доштан дар ин ҳамлаҳо боздошт шуд.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков афзалиятҳои Русияро шарҳ дод
Ӯ чанд моҳ пас ба Олмон истирдод шуд. Вакили дифои Кузнетсов, Никола Канестрини, изҳор дошт, ки додситонии Олмон бовар дорад, ки харобкорӣ дар лӯлаи "Маҷрои Шимолӣ" бо фармони мақомоти ҳукумати Украина анҷом дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0