Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Туркия омода аст барои барқарор кардани сулҳ дар Украина кумак кунад

© AP / Denes ErdosПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган выступает в Будапеште, Венгрия
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган выступает в Будапеште, Венгрия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури ин кишвар гуфт, ки Туркия барои мусоидат ба барқарор кардани сулҳ дар Украина омодааст
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, изҳор дошт, ки рӯзи сешанбе дар музокирот бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Бишкек омодагии Анқара барои расонидани кумак барои барқарор намудани сулҳ дар Украинаро изҳор доштааст.
"Туркия дар ҳалли осоиштаи низоъҳо дар минтақаи мо нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, ҳам мо ва ҳам ҷаноби Путин умедворем, ки ҷанги байни Русия ва Украина ҳарчи зудтар бо осоишта хотима ёбад. Мо мехоҳем, ки раванди сулҳ байни Русия ва Украина ҳарчи зудтар дар ин минтақа оғоз шавад ва сулҳ дар минтақа ҳукмронӣ кунад. Мо ба ҷаноби Путин гуфтем, ки мо омодаем, ки барои сулҳ ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем", - гуфт раҳбари Туркия дар ҳавопаймо ҳангоми бозгашт аз Бишкек ба хабарнигорон.
Оқои Эрдуғон гуфт, ки мулоқоти ӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Бишкек самаранок буд ва мавзӯи муҳим барқарории сулҳ дарУкраина буд.
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш на заседании в формате ШОС плюс в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дабири кулли СММ хостори қатъи фаврии низоъ дар Украина шуд
"Мо бо ҷаноби Путин мулоқоти дуҷониба доштем. Дар ин мулоқот мо инчунин имкон доштем, ки, бахусус, рӯйдодҳои Украинаро муҳокима кунем ва он хеле самаранок буд” – гуфт ӯ
Эрдуғон таъкид кард, ки мулоқот дар фазои хеле самимӣ баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0