Тоҷикистон ба Ҳиндустон пешниҳод кард, ки барои сайёҳон низоми бераводид ҷорӣ шавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с премьер-министром Республики Индии Нарендрой Моди.
Встреча Эмомали Рахмона с премьер-министром Республики Индии Нарендрой Моди.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо сарвазири Ҳиндустон дар Бишкек густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни ду кишварро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд.
Тарафҳо ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуданд.
Қайд карда шудааст, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ба хусус энергияи “сабз”, нақлиёту логистика, нассоҷӣ, маъданҳо, зеҳни сунъӣ, тандурустӣ, истеҳсоли доруворӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, табодули донишҷӯён, тақвияти робитаҳои мустақими муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Презентация 400 электромобилей прокатной компания Эко Такси в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2026
Тоҷикистон ва Ҳиндустон равандҳои муштараки васлкунии автомобилҳоро роҳандозӣ мекунанд
Ҳамчунин тарафҳо дар мулоқот афзоиш додани шумораи парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ва ташкили низоми мутақобилаи сафарҳои бераводид барои сайёҳон ба муддати то 15 рӯз ҳам муҳим донистанд.
Қайд карда шудааст, ки дар заминаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи СММ, СҲШ ва формати "Осиёи Марказӣ + Ҳиндустон" низ баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0