Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба шохиссозӣ кард

© Foto / Госкомтуризма УзбекистанаЖители поселка Гилан
Жители поселка Гилан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Обуна шудан
Тибқи иттилои ҳукумати кишвар аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи қавонин на кам аз 15% зиёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолииҳукумати Тоҷикистон бо фармони расиҷуҳур андозаи нафақаҳо шаҳрвандонро беш аз 20 маротиба шохиссозӣ ё индексатсия кардааст.
Ба иттилои гентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдом аз тарафи ҳукумати кишвар бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор анҷом дода шуд.
Ин Агентӣ қайд кардааст, ки аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15% аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд.
Тавре иттилоъ дода будем, андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон агар соли 2020 320 сомониро ташкил медод, соли 2025 он ба 515 сомонӣ баробар гардид. Яъне, андозаи миёнаи нафақаи шаҳрвандон 60%зиёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли ҷорӣ 876 ҳазору 990 нафақагир сабт шудааст.
Пардохти нафақа дар шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 2,7 млрд сомонӣ таъмин гардидаст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Пардохти нафақа дар шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 2,7 млрд сомонӣ таъмин гардидаст.
Ба иттилои Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ин теъдод назар ба аввали ҳамин сол 216 нафар кам мебошад.
Бештари нафақагирон дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Дар ин вилоят вилояти Хатлон - 313 ҳазору 283 нафақагир зиндагӣ мекунад.
Сипас дар феҳрист баъд аз вилояти Хатлон вилояти Суғд бо - 274 ҳазору 176 кас, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 175 ҳазору 641 кас, шаҳри Душанбе - 85 ҳазору 524 кас ва ВМКБ – 30 ҳазору 585 кас ҷой гирифтааст.
Аз теъдоди умумии нафақагирон 170 ҳазору 757 нфаарашон маъюбанд.
Тибқи иттилои расмӣ, то 1-уми майи соли 2026 дар кишвар ҳаҷми миёнаи нафақа, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 513 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 355 сомонӣ баробар аст.
Лентаи хабарҳо
0