Ширкати "Росатом" ба поксозии як макони дигари партовҳои уранро дар Тоҷикистон шурӯъ кард

© Foto / Госкорпорация "Росатом"Рекультивация объектов промышленной площадки "Табошар"
Рекультивация объектов промышленной площадки Табошар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Обуна шудан
Русия эълон кардааст, ки ба поксозии як минтақаи дигари Тоҷикистон аз партовҳои ураниум оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ширкати "Росатом"-и Русия ба поксозии як макони дигари партовгоҳи уране, ки дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, шурӯъ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати “Росатом” хабар додааст.
"Росатом" тавассути Институти тарроҳӣ ва технологии марказӣ корҳои барқарорсозии макони партовгоҳҳои уранро дар коргоҳи №3-и минтақаи "Табошар" оғоз кардааст.
“Ин иншоот дар деҳаи Истиқлол дар вилояти Суғди Тоҷикистон қарор дорад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Даврони Шӯравӣ дар соли 1945 дар шимоли Тоҷикистон корхонаи тасфияи аввалияи уран сохта шуд, ки урани мавриди ниёз барои нахустин бомби атомии Шӯравиро таъмин кард .
Истихроҷи уран дар Тоҷикистон дар солҳои 1980-ум бо сабаби тамом шудани конҳо ва наздик шудани фурӯпошии Шӯравӣ қатъ гардид. Аз он даврон дар шимоли Тоҷикистон беш аз 54 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ боқӣ мондааст, ки ҳоло маҳз ҳамин корхонаи “Росатом”-и Русия ва созмонҳои байналмилалӣ барои пӯшонидан ва бехатар кардани онҳо кӯмак мекунанд
Энергоблок №2 Запорожской АЭС в Энергодаре, 5 мая 2022 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина қасдан ба таҷҳизоти асосии нерӯгоҳи атомии Запороже ҳамла кард - Росатом
Кор дар доираи созишномаи байниҳукуматии дахлдор байни Маскав ва Душанбе анҷом дода мешавад. Чораҳои поксозӣ барои беҳтар кардани вазъи экологӣ ва фароҳам овардани шароит барои истифодаи бехатари минбаъдаи қаламрав равона карда шудаанд.
"Оғози кор дар макони Табошар як марҳилаи муҳими дигари талошҳои пайвастаи мо барои аз байн бурдани партовҳои уран дар Тоҷикистон аст. Татбиқи он вазъи экологӣро беҳтар хоҳад кард", гуфт Яков Никонов, пажуҳишгоҳи тарроҳӣ ва технологии марказӣ, ки ба сохтори "Росатом" дохил мешавад.
Вай илова кард, ки Росатом барои беҳтар кардани вазъият, фароҳам овардани шароит барои рушди минтақа ва беҳтар кардани сифати зиндагии сокинони маҳаллӣ кор мекунем.
Росатом партовгоҳҳои истихроҷи маъданҳои давраи Шӯравиро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон поксозӣ дорад. Ҳамаи иншоотҳо бо истифода аз беҳтарин таҷрибаҳои Русия ба стандартҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои бехатарии радиатсионии ожонсии байналмилалии энержеии атомӣ мутобиқ карда мешаванд.
Промышленная площадка Табошар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Росатом боз 3 "гӯристонҳои уран" дар Суғдро безарар мекунад
Мутахассисони рус аллакай таҷрибаи муваффақи поксозии иншоот аз партови уран дар Тоҷикистон доранд, қайд карда мешавад дар изҳорот.
Коршиносони пажуҳишгоҳи тарроҳӣ ва технологии марказӣ, ки ба сохтори "Росатом" дохил мешавад корҳоро дар майдони саноатии "Табошаҳр" пеш аз муҳлат (дар соли 2023) ба итмом расониданд.
Лентаи хабарҳо
0