Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Фитсо Украинаро барои шикоятҳои доимиаш танқид кард

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкРоберт Фицо. Архивное фото
Роберт Фицо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Обуна шудан
Сарвазири Словакия гуфт Иттиҳодияи Аврупо қарзи навро барои Украина тасдиқ кард, аммо Киев аллакай аз набудани маблағ шикоят дорад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо қарзи 90 миллиард евроиро ба Украина тасдиқ кард, аммо Киев аллакай аз набудани пул шикоят дорад.
Сарвазири Словакия Роберт Фитсо гуфт, ки Словакия дар ягон механизми молиявӣ барои дастгирии низомии Украина равонашуда иштирок нахоҳад кард.
"Оё шумо мушоҳида кардед, ки Украина аллакай аз набудани пул шикоят дорад? Қарзи 90 миллиард евроӣ тасдиқ шудааст ва онҳо аллакай бештар талаб мекунанд. Словакия ҳеҷ гоҳ қисми ягон механизми молиявии дастгирии ҷанги Украина набудааст. Мо ин корро идома медиҳем. То он даме, ки ман сарвазир ҳастам, ман ҳеҷ гоҳ дар сатҳи Аврупо розӣ нахоҳам шуд, ки Словакия қисми ягон қарз ё тӯҳфаи молии дастгирии ҷанги Украина шавад", - гуфт Фитсо рӯзи чоршанбе дар нишасти матбуотӣ, ки аз ҷониби шабакаи телевизионии TA3-и Словакия пахш шуд.
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш на заседании в формате ШОС плюс в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дабири кулли СММ хостори қатъи фаврии низоъ дар Украина шуд
ИА қарзи 90 миллиард евроиро ба Украина барои солҳои 2026-2027 тасдиқ кард, ки аз он тақрибан 60 миллиард евро барои эҳтиёҷоти низомӣ ҷудо карда шудааст. Киев дар шароити касри буҷаи низомӣ, мехоҳад, ки қисме аз 45 миллиард еврои ба нақша гирифташуда барои соли 2027 барвақт дода шавад.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки дастгирии молӣ ва низомии кишварҳои Ғарб ба Киев низоъро тӯл мекашонад ва ба ҳалли он мусоидат намекунад.
Лентаи хабарҳо
0