Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Каллас барои Украина хабари бад дод

© AP / Virginia MayoГлава внешнеполитического ведомства Европейского союза Кайя Каллас.
Глава внешнеполитического ведомства Европейского союза Кайя Каллас. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо пас аз мулоқот дар Ирландия аз Киев даъват кард, ки ба ваъдаҳои падофанди ҳавоӣ бовар накунад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Кая Каллас, роҳбари дипломатияи аврупоӣ, гуфт, ки Украина набояд пас аз мулоқоти вазирони дифои Иттиҳодияи Аврупо дар Ирландия дар робита ба таъминоти падофанди ҳавоӣ натиҷаҳои мушаххасе интизор шавад.
"Ин як мулоқоти ғайрирасмӣ аст, аз ин рӯ мо имрӯз ягон қарори мушаххас қабул намекунем", - гуфт ӯ.
Рӯзи сешанбе вазирони дифои ИА дар Ирландия дастгирии минбаъдаи низомии Киевро баррасӣ хоҳанд кард.
Намояндагони Украина ва НАТО низ дар музокирот иштирок мекунанд. Дар ҷаласа ҳамкориҳо байни саноати дифоии ИА ва Украина, қарзи аврупоӣ ба Киев барои дифоъ ва истифодаи идомаи Фонди сулҳи Аврупо баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар тӯли чанд моҳи охир, Украина дар ҷустуҷӯи таъминоти иловагии системаҳои укпадофанди ҳавоӣ ва лавозимоти ҷангӣ аз кишварҳои Ғарб аст.
Украинские солдаты ремонтируют танк Leopard 2 в Запорожской области, Украина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Матвиенко: Украина ҳеҷ гоҳ қарзҳое, ки аз Ғарб барои аслиҳа гирифта буд, барнамегардонад
Дар шароити низоъ дар Ховари Миёна, имконоти таъминкунандагон маҳдуд гаштааст: тибқи гузоришҳои расонаҳо, захираҳои амрикоии мушакҳои Patriot дар Аврупо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки таъминоти силоҳи Ғарб ба Киев низоъро тӯл мекашад ва ба ҳалли он мусоидат намекунад. Маскав инчунин ҳушдор додааст, ки афзоиши кумаки низомӣ ба Украина кишварҳои Ғарбро ба низоъ боз ҳам бештар ҷалб хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0