Даромади бахши алоқа дар Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкНовая вышка мобильной связи стандарте LTE в Симферополе. Иллюстративное фото
Новая вышка мобильной связи стандарте LTE в Симферополе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Обуна шудан
Даромади бештарро дар ин давра операторони хусусӣ ба даст овардаанд, ки он ба 2 млрду 443,6 млн сомонӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Даромади бюахши алоқаи Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта қариб 27% афзудааст.
Аз рўи маълумоти пешакии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2026 даромади операторони хусусӣ, оператори миллии ҶСШК "Тоҷиктелеком", КВД "Почтаи Тоҷикистон" ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа ба 3007,6 млн сомонӣ расидааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 126,8%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Оҷонсии омори ҷумҳурӣ.
Даромади бештарро дар ин давра операторони хусусӣ ба даст овардаанд, ки он ба 2 млрду 443,6 млн сомонӣ мерасад.
Монтаж вышек сотовой связи в Томской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2026
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии алоқаи мобилӣ ва интернет кумак хоҳад кард
Фоидаи оператори миллии ҶСШК "Тоҷиктелеком", КВД "Почтаи Тоҷикистон" ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа бошад ба 155 млн сомониро ташкил додааст.
Ба иттилои Оҷонсии омор, то 1 июли соли 2026-ум шумораи истифодабарандагони интернет 5 миллиону 322,5 ҳазор муштарӣ будааст.
Теъдоди истифодабарандагони алоқаи сайёр (мобилӣ) 7956,1 ҳазор муштариро ташкил додааст, ки аз онҳо 6 078, ҳазор муштарӣ фаъол мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0