Аз ҷарроҳиҳо то саратоншиносӣ: табибони қазоқ дар Тоҷикистон табодули таҷриба карданд

© AP / Lefteris PitarakisБританский принц Уильям наблюдает за операцией по удалению опухоли мочевого пузыря во время визита в Королевскую больницу Марсдена в Лондоне, 2013 год
Британский принц Уильям наблюдает за операцией по удалению опухоли мочевого пузыря во время визита в Королевскую больницу Марсдена в Лондоне, 2013 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2026
Обуна шудан
Ҷарроҳиҳои мураккаб, саратоншиносӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва педиатрия аз самтҳои муҳими ҳамкории касбии табибони ду кишвар гардидааст
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Ҷарроҳони қазоқ дар доираи Рӯзҳои тиббии Қазоқистон дар Тоҷикистон беш аз 100 машварат ва 10 ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд.
Ба гузориши вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар доираи ин рӯзҳо мутахассисони тиббии ҳарду кишвар мубодилаи таҷриба карданд.
Инчунин миёни ниҳодҳои тандурустӣ Форуми "Тоҷикистон-Қазоқистон: ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, технологияҳо ва кадрҳо" доир шуда, дар доираи он се Ёддошти тафоҳум байни муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид.
Дар форум масъалаҳои "Рушди тандурустӣ: равишҳои муосир, инноватсияҳо ва дурнамои ҳамкорӣ" ва "Ҷарроҳии баландтехнологӣ: инноватсия, ҳамкорӣ ва интиқоли дониш байни Қазоқистон ва Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, ки чунин чорабинӣҳо бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ баргузор мегардад.
Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2026
Барои соҳаи тандурустӣ миллиардҳо масраф шудааст: оё мушкилоти норасоии табибон ҳал шуд?
Самти муҳими ҳамкории мутахассисони ду кишвар ҷарроҳии дилу рагҳо гардидаас. Гурӯҳи табибони Қазоқистон таҳти роҳбарии Эбдирашев Ерлан Бейтуреул, ноиби президенти Ҷамъияти "KazEndo"-и Ҷумҳурии Қазоқистон, аз Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" боздид намуданд, дар ҷараёни вохӯрӣ бо фаъолияти марказ шинос шуда, масъалаҳои марбут ба усулҳои муосири ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳоро баррасӣ карданд.
Барои табибони марказ дар мавзӯи "Чӣ гуна марҳилаҳои стентгузориро ҳангоми сохтори мураккаб иҷро кардан зарур аст?" дарси омӯзишӣ баргузор гардида, тавсияҳои амалии мутахассисони қазоқ вобаста ба гузаронидани стентгузорӣ дар ҳолатҳои мураккаби клиникӣ пешниҳод шуданд.
Ҳамзамон, табибони ду кишвар як қатор амалиётҳои мураккаби ҷарроҳиро анҷом дода, таҷрибаи амалии худро ба ҳамдигар пешниҳод намуданд.
Саратоншиносӣ низ аз самтҳои муҳими табодули таҷриба миёни табибони кишварҳо шуда, мутахассисони соҳаи онкологияи Қазоқистон ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ" ташриф оварда, дар мавзӯи "Эпидемиология ва ҷарроҳиҳои каминвазивӣ дар онкоурология: таҷрибаи Институти илмӣ-тадқиқотии онкология ва радиологияи Қазоқистон" бо табибони тоҷик табодули таҷриба намуданд.
Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва педиатрия низ яке аз самтҳои дигари ҳамкории касбии табибони ду кишвар гардидааст
Ёдовар мешавем, ки гуруҳи табибон аз Қазоқистон барои табодули таҷриба ба моҳи июн низ ба Тоҷикистон омада буданд.
Дар доираи он ташрифи мутахассисони қазоқ як қатор чорабиниҳо оид ба масъалаҳои акушерӣ, гинекология ва неонатология, мубодилаи таҷриба дар самти хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт баррасӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0