https://sputnik.tj/20260829/tamdidi-mani-harakati-moshinhoi-borkash-dar-hududi-dushanbe-1080007177.html
Тамдиди манъи ҳаракати мошинҳои боркаш дар ҳудуди Душанбе
Тамдиди манъи ҳаракати мошинҳои боркаш дар ҳудуди Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти пойтахти кишвар эълон кардааст, ки маҳдудияти ҳаракати мошинҳоли боркаш дар роҳҳои Душанбе тамдид карда шуд
2026-08-29T11:36+0500
2026-08-29T11:36+0500
2026-08-29T11:36+0500
дар тоҷикистон
мақомот
душанбе
нақлиёт
мошини боркаш
маҳдудият
ҳаракат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031554536_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_0f80d54dd20d90a5b3283a25aa3776c4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Муҳлати амали маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаш дар ҳудуди пойтахт боз 11 рӯзи дигар тамдид карда шуд.Дар ин бора дарфтари маттӣуоти шаҳрдории шаҳри Душанбе хабар додааст."Ба иттилои ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш мерасонад, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, нигоҳдории ҳолати роҳҳо ва дар доираи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, муҳлати амали маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе то 11 сентябри соли 2026 тамдид карда мешавад”, қайд кардааст шаҳрдорӣ.Мақомот аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш кардаааст, ки талаботи маҳдудияти мазкурро то санаи 11 сентябри соли 2026 риоя намоянд.Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингарди мамлакат то 31-уми августи соли равон маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ карда буд.Ин маҳдудият дар ҳаракати мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин дар роҳҳои асфалтпӯш дар шароити ҳарорати баланди ҳаво амал мекунад.Тибқи маҳдудият дар ин давра ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни зиёда аз 6 тонна дар роҳҳои мошингарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10:00 то 20:00 иҷозат дода намешавад ва чунин воситаҳои нақлиёт метавонанд танҳо шабона ҳаракат намоянд.Қайд карда шудааст, ки дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда, ҷарима ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст, ки он аз 3 ҳазору 900 то 5 ҳазору 460 сомониро ташкил медиҳад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/59780
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031554536_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_202f05c105e886899c7742f2019d38bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, мақомот, душанбе, нақлиёт, мошини боркаш, маҳдудият, ҳаракат
дар тоҷикистон, мақомот, душанбе, нақлиёт, мошини боркаш, маҳдудият, ҳаракат
Тамдиди манъи ҳаракати мошинҳои боркаш дар ҳудуди Душанбе
Мақомоти пойтахти кишвар эълон кардааст, ки маҳдудияти ҳаракати мошинҳоли боркаш дар роҳҳои Душанбе тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Муҳлати амали маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаш дар ҳудуди пойтахт боз 11 рӯзи дигар тамдид карда шуд.
Дар ин бора дарфтари маттӣуоти шаҳрдории шаҳри Душанбе хабар додааст.
"Ба иттилои ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш мерасонад, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, нигоҳдории ҳолати роҳҳо ва дар доираи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, муҳлати амали маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе то 11 сентябри соли 2026 тамдид карда мешавад”, қайд кардааст шаҳрдорӣ.
Мақомот аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш кардаааст, ки талаботи маҳдудияти мазкурро то санаи 11 сентябри соли 2026 риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингарди мамлакат то 31-уми августи соли равон маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ карда буд.
Ин маҳдудият дар ҳаракати мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин дар роҳҳои асфалтпӯш дар шароити ҳарорати баланди ҳаво амал мекунад.
Тибқи маҳдудият дар ин давра ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни зиёда аз 6 тонна дар роҳҳои мошингарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10:00 то 20:00 иҷозат дода намешавад ва чунин воситаҳои нақлиёт метавонанд танҳо шабона ҳаракат намоянд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда, ҷарима ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст, ки он аз 3 ҳазору 900 то 5 ҳазору 460 сомониро ташкил медиҳад.