Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дабири кулли СММ аз шиддат гирифтани низоъ дар Украина сахт нигарон аст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2026
Обуна шудан
Намояндаи расмии дабири кулли СММ гуфт, ки Гутерриш аз шиддат гирифтани низоъ дар Украина нигарон аст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз шиддат гирифтани низо дар Украина, аз ҷумла дар ҳудуди Русия, сахт нигарон аст, гуфт сухангӯи Дабири кулли СММ Стефан Дужаррик.
Қаблан, Стефан Дужаррик, сухангӯи Дабири кулли СММ, дар нишасти матбуотӣ дар бораи ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба автобус дар Луганск, таъкид кард ва гуфт, ки ҳама гуна ҳамлаҳо ба шаҳрвандон қонунҳои байналмилалиро поймол мекунанд.
Вай илова кард, ки ин гуна ҳамлаҳо бояд фавран қатъ карда шаванд.
"Дабири кулл аз шиддат гирифтани ин низоъ, аз ҷумла (паҳн шудани он) ба қаламрави Русия, сахт нигарон аст", - гуфт Дужаррик зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Дужаррик, Гутерриш аз Русия ва Украина даъват кард, ки шиддатро фавран коҳиш диҳанд, ки ба оташбаси пурра, фаврӣ ва бечунучаро барои барқарор кардани сулҳи устувор ва ҳамаҷониба оварда расонад.
Русия сафарбарии оммавиро ба нақша нагирифтааст, зеро ин зарур нест, - Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Русия сафарбарии оммавиро ба нақша нагирифтааст, зеро ин зарур нест, - Небензя.
Ёдовар мешавем, ки салоҳияити Дабири кулли кунунии СММ Антониу Гутерриш 31 декабр ба охир мерасад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан гуфт, ки Дабири кулли нави СММ бояд бетараф, мустақил ва ба Оинномаи СММ содиқ бошад.
"Мо бояд итминон дошта бошем, ки ин дафъа Дабири кулл воқеан фарқ хоҳад кард", - гуфта буд Лавров.
Лентаи хабарҳо
0