Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон*: Ҳеҷ нигароние дар марзи Афғонистону Тоҷикистон вуҷуд надорад

© SputnikВид на Афганистан. Таджикско-Афганская граница
Вид на Афганистан. Таджикско-Афганская граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2026
Обуна шудан
Ҳукумати феълии Афғонистон, иидао дорад, ки неруҳои амниятӣ ва марзӣ бештар дар имтидоди марз бо Тоҷикистони мустақар шудаанд ва ҳоло ҳозири ҳеҷ нигаронии амниятӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 27 авг - Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* изҳор дошт, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ҳеҷ ҳассосияте вуҷуд надорад ва неруҳои амниятӣ ва марзии ин гуруҳ барои маҳори авзоъ дар ин минтақа мустақар шудаанд.
Муҷоҳид дар гуфтугӯ бо Sputnik дар бораи иқдомоти толибон барои таъмини амнияти марз бо Тоҷикистон гуфт, ки як бархурди кучак дар бахши Афғонистон рух дода буд, ки маҳор шуда ва осеби ҷаддӣ дар пай надоштааст.
Вай афзуд, ки неруҳои амниятии бештаре дар минтақа мустақар шудаанд ва неруҳои марзии Толибон* низ барои контроли вазъият талош мекунанд.
Ба гуфта оқои Муҷоҳид, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ нигароние дар марзи Афғонистону Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Ин изҳорот дар ҳолеи матраҳ шудааст ки пас аз чанд рӯйдоди мусаллаҳона дар вулусволии Носии Бадахшон, гузоришҳое дар бора афзоиши нигарониҳои амниятӣ дар имтидоди марзи Афғонистону Тоҷикистони мунташир шудааст.
Генеральный секретарь ОДКБ Таалатбек Масадыков. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маълум шуд кай аслиҳаи СПАД ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мерасад
Пеш аз ин, вазорати хориҷаи Толибон* пас аз кушта шудани як зан дар минтақаи худмухтори кӯҳистониБадахшони Тоҷикистон бар асари тирандозӣ аз самти марз, ба хонивода ӯ ва мардуми Тоҷикистон таслият гуфта буд.
Ин вазоратхона ҳамчунин эълом карда буд, ки бархе аносири вайронгару фурсатталаб талош доранд дар манотиқи марзӣ бесуботӣ эҷод кунанд.
Вазорати хориҷаи толибон таъкид карда буд, ки ин гуруҳ иҷоза нахоҳад дод аз хоки Афғонистон барои барҳам задани амнияту суботи минтақа истифода шавад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0