Покистон мехоҳад бо Тоҷикистон парвозҳои мустақим ба роҳ монад

© Foto / Пресс-служба "Сомон Эйр"Самолет авиакомпании "Сомон Эйр". Иллюстративное фото
Самолет авиакомпании Сомон Эйр. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти Покистон элон кардааст, ки талош дорад, бо Душанбе парвозҳои мустақимро роҳандозӣ намояд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Сафири Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад хостори роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Исломобод шуд.
Вай дар ин бора дар як нишаст ба рӯзноманигорон хабар дод.
Вай гуфт роҳандозии парвозҳои мустақим метавонад дар таҳкими равобити ҳамаҷонибаи ду кишвар нақши муҳим дошта бошад.
Ба гуфтаи сафир, набудани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар имрӯз аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон эҳсос мешавад.

Вай зикр кард, ки ин масъала миёни роҳбарони ду кишвар ва ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шудааст.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2026
Дархости ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо ба Эрон
Дар ҳоли ҳозир парвозҳои мустақими мунтазам миёни Душанбе ва Исломобод мавҷуд нестанд. Гарчанде ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба монанди Сомон Эйр қаблан барои роҳандозии ин масир кӯшишҳо карда буданд, айни замон ин парвозҳо қатъ гардидаанд ё ба таври доимӣ амал намекунан
Дар ҳоли ҳозир парвозҳои чартерӣ байни Душанбе -Исломобод -Душанбе аз ҷониби ширкати Сомон эйр сурат мегирад. Ин ягона ширкатест, ки пойтахтҳои Тоҷикистон ва Покистонро бо парвозҳои чартерӣ мепайвандад.
Лентаи хабарҳо
0