Русия ба Тоҷикистон дастгоҳҳои шунавоӣ тақдим кард – видео

Обуна шудан
Дастгоҳҳои шунавоӣ аз ҷониби ҷониби Русия ба Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон тӯҳфа карда шуданд.
Дар доираи лоиҳаи "Русия бо шумост", дастгоҳҳои шунавоӣ ба сокинони солхурдаи ношунавои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тӯҳфа карда шуданд.
Ҳар як дастгоҳ ба барномаи махсусе пайваст карда шудааст, ки имкон медиҳад танзимоти инфиродии корбарон анҷом дода шавад. Лоиҳа идома хоҳад ёфт: дар моҳи сентябр боз 10 дастгоҳ ба сокинони Хуҷанд тӯҳфа карда мешавад.
Андрей Патрушев, директори Хонаи Русия дар Душанбе, қайд кард, ки ин лоиҳа ҳамчун як қисми барномаи байналмилалии ҳамкории башардӯстона амалӣ карда мешавад.
Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст
"Дастгоҳҳое, ки мо гирифтем, рақамӣ мебошанд. Мо онҳоро тавассути компютере, ки дастгоҳҳоро ба таври худкор идора мекунад, ба барномаи махсус пайваст мекунем", - шарҳ дод мутахассиси таҷҳизоти тиббӣ Субҳиддин Ҷӯраев.
Вай қайд кард, ки бартарии ин барнома дар он аст, ки беморон маҷбур намешаванд, ки худашон дастгоҳҳои шунавоии худро танзим кунанд.
Лентаи хабарҳо
0