Соҳибкорони тоҷик ба платформаи рақамии Agromarket-и Қазоқистон пайваст шуданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВыставка сельскохозяйственной продукции в Деваштичском районе.
Выставка сельскохозяйственной продукции в Деваштичском районе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии маблағи шартномаҳои аввалия соҳибкорони тоҷик дар платформаи рақамии Қазоқистон беш аз 1 миллион долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба платформаи рақамии Agromarket-и Қазоқистон пайваст шуданд.
Дар ин бора Маркази рушди иқтисоди рақамии азоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кишоварзони Тоҷикистон тавассути ин платформа имкон пайдо кардаанд ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ харидор пайдо кунанд, шартномаҳои фурӯши маҳсулотро ба таври онлайн ба имзо расонанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аллакай тавассути Agromarket аввалин шартномаҳо миёни истеҳсолкунандагони тоҷик ва харидорони қазоқ ба имзо расидааст.
Аз ҷумла, хоҷагии деҳқонии "Камол-Хоҷӣ" бо супермаркети онлайнии Arbuz.kz барои таҳвили ангури тару тоза шартнома ба имзо расонидааст.
Ҳамчунин тавассути платформа бо бозори яклухти "Шарын" барои таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ созишнома баста шудааст.
Уборка пшеницы в Калининградской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Қазоқистон содироти маҳсулоти ғизоиро ба кишварҳои ИИАО афзоиш медиҳад
Ҳаҷми умумии маблағи шартномаҳои аввалия беш аз 1 миллион долларро ташкил медиҳад.
Айни замон дар платформа маҳсулоти кишоварзони Тоҷикистон ва Қазоқистон пешниҳод карда мешавад. Дар марҳилаи минбаъда ба Agromarket пайваст намудани истеҳсолкунандагони кишоварзии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Ба роҳ мондани чунин ҳамкории рақамӣ барои истеҳсолкунандагони тоҷик имконияти васеъ намудани бозори фурӯш ва пайдо кардани харидорони навро фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0