https://sputnik.tj/20260826/bostonshinoson-osori-qadimii-davrai-kushoniyon-kashf-video-1079948742.html
Бостоншиносон як осори қадимии давраи Кушониёнро кашф карданд: видео
Бостоншиносон як осори қадимии давраи Кушониёнро кашф карданд: видео
Sputnik Тоҷикистон
Донишмандон умедворанд, ки осори қадимӣ барои ҷамъоварии маълумоти боэътимод дар бораи таърихи ин минтақа ва касбу кори сокинони собиқи он мусоидат хоҳанд кард
2026-08-26T17:54+0500
2026-08-26T17:54+0500
2026-08-26T17:54+0500
видео
бозёфт
осорхона
дар тоҷикистон
кашф
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079943619_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_4ff14c11fae420c5a8c006f0b0715c31.jpg
Мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ дар ёдгории таърихии "Сайёд", воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муҳри шоҳӣ ёфтанд.Ин муҳр аз гили пухта сохта шуда, то имрӯз дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шудааст.Бозёфти нодир дорои аҳаммияти баланди илмӣ буда, метавонад дар омӯзиши таърихи аҳди Кӯшониён дар минтақа ба марҳилаи нав оғоз бахшад.Он метавонад барои бознигарии бархе аз назарияҳо ва дидгоҳҳои мавҷуда заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам оварад.Муҳри ёфтшуда ранги нахудӣ дошта, баландиаш 5 см мебошад ва аз ду қисми асосӣ иборат аст. Қисми аввал дастаи муҳр буда, дорои сӯрохӣ барои гузаронидани ришта ва истифодаи осони он аст. Қисми дуюм, ки бахши асосии муҳрро ташкил медиҳад, шакли доира дошта, нисбат ба даста бузургтар мебошад.Тангаҳои нодири давраи Кушониён, дар осорхонаи Душанбе ба намоиш гузошта мешавандҚисмати нақшдори муҳр дар дохили доирае бо қутри 6 см ҳаккокӣ шудааст. Дар рӯйи муҳр тасвирҳо ба шакли вожгун ҷойгир гардидаанд, ки ин хусусияти маъмулии муҳрҳои расмӣ мебошад.Дар таркиби ин тасвирҳо катибаи бохтарӣ, нақшу нигори ҳандасӣ, нимпайкараи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвири бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои давлатдории шоҳони Кӯшонӣ, инчунин нишонаҳои марбут ба ҳокимияти шоҳони маҳаллӣ ва дигар унсурҳои рамзӣ мушоҳида карда мешаванд.Арзиши илмии ин бозёфт дар он зоҳир мегардад, ки дар як муҳр маҷмуи унсурҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, хаттӣ ва бадеии давраи Кӯшониён таҷассум ёфтааст.Дар айни замон муҳри кашфшуда мавриди таҳқиқ, омӯзиш, рамзкушоӣ ва хониши илмии мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ қарор дорад.Чӣ гуна аз бозёфтҳои бостонӣ дар Тоҷикистон метавон суди моддию маънавӣ гирифт?Пас аз анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба натиҷаҳои илмии он дар шакли мақолаи муфассал ба ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи муҳаққиқони соҳаҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, хатшиносӣ, санъати тасвирӣ, устурашиносӣ, рамзшиносӣ ва дигар бахшҳои марбут пешниҳод мегардад.Қайд карда шудааст, ки кашфи мазкур саҳми арзишманд дар омӯзиши таърихи давлатдории қадимии тоҷикон ва тамаддуни аҳди Кӯшониён буда, аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079943619_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_4857b7f097d59ee219d393aa56823a0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, бозёфт, осорхона, дар тоҷикистон, кашф, таърих, видео
видео, бозёфт, осорхона, дар тоҷикистон, кашф, таърих, видео
Бостоншиносон як осори қадимии давраи Кушониёнро кашф карданд: видео
Донишмандон умедворанд, ки осори қадимӣ барои ҷамъоварии маълумоти боэътимод дар бораи таърихи ин минтақа ва касбу кори сокинони собиқи он мусоидат хоҳанд кард
Мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ дар ёдгории таърихии "Сайёд", воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муҳри шоҳӣ ёфтанд.
Ин муҳр аз гили пухта сохта шуда, то имрӯз дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шудааст.
Бозёфти нодир дорои аҳаммияти баланди илмӣ буда, метавонад дар омӯзиши таърихи аҳди Кӯшониён дар минтақа ба марҳилаи нав оғоз бахшад.
Он метавонад барои бознигарии бархе аз назарияҳо ва дидгоҳҳои мавҷуда заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам оварад.
Муҳри ёфтшуда ранги нахудӣ дошта, баландиаш 5 см мебошад ва аз ду қисми асосӣ иборат аст. Қисми аввал дастаи муҳр буда, дорои сӯрохӣ барои гузаронидани ришта ва истифодаи осони он аст. Қисми дуюм, ки бахши асосии муҳрро ташкил медиҳад, шакли доира дошта, нисбат ба даста бузургтар мебошад.
Қисмати нақшдори муҳр дар дохили доирае бо қутри 6 см ҳаккокӣ шудааст. Дар рӯйи муҳр тасвирҳо ба шакли вожгун ҷойгир гардидаанд, ки ин хусусияти маъмулии муҳрҳои расмӣ мебошад.
Дар таркиби ин тасвирҳо катибаи бохтарӣ, нақшу нигори ҳандасӣ, нимпайкараи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвири бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои давлатдории шоҳони Кӯшонӣ, инчунин нишонаҳои марбут ба ҳокимияти шоҳони маҳаллӣ ва дигар унсурҳои рамзӣ мушоҳида карда мешаванд.
Арзиши илмии ин бозёфт дар он зоҳир мегардад, ки дар як муҳр маҷмуи унсурҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, хаттӣ ва бадеии давраи Кӯшониён таҷассум ёфтааст.
Дар айни замон муҳри кашфшуда мавриди таҳқиқ, омӯзиш, рамзкушоӣ ва хониши илмии мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ қарор дорад.
Пас аз анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба натиҷаҳои илмии он дар шакли мақолаи муфассал ба ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи муҳаққиқони соҳаҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, хатшиносӣ, санъати тасвирӣ, устурашиносӣ, рамзшиносӣ ва дигар бахшҳои марбут пешниҳод мегардад.
Қайд карда шудааст, ки кашфи мазкур саҳми арзишманд дар омӯзиши таърихи давлатдории қадимии тоҷикон ва тамаддуни аҳди Кӯшониён буда, аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ дорад.