Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина аз хабари хуш барои Зеленский ва бад барои кишвар гуфтанд

© AP / Dan BashakovПремьер-министр Великобритании Энди Бернэм и Владимир Зеленский во время встречи в Киеве, 24 августа 2026 года.
Премьер-министр Великобритании Энди Бернэм и Владимир Зеленский во время встречи в Киеве, 24 августа 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Обуна шудан
Гавришко: Суханронии Бернҳэм дар Киев барои украиниҳо хабари бад аст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Суханронии сарвазири Бритониё Энди Бернҳэм дар Киев барои украиниҳо хабари бад ва барои Владимир Зеленский хабари хуш буд, навиштааст дар шабакаи иҷтимоии X таърихшиноси украинӣ Марта Гавришко.
Рӯзи пеш ӯ муборизаи Украинаро бо муборизаи Бритониё бар зидди Олмони фашистӣ муқоиса кард.
"Чунин риторика нишон медиҳад, ки Лондон ба музокироти ҷиддии сулҳ манфиатдор нест. Баръакс, он аз қатъияти онҳо барои идома ва авҷ додани низоъ ва истифодаи Украина ҳамчун як нерӯи худ дар муқовимат бо Маскав шаҳодат медиҳад", - изҳор гаштааст дар ин матлаб.
Вай афзуд, ки ин хабари бад барои украиниҳои оддӣ аст, ки барои орзуҳо ва бозиҳои сиёсии элитаҳои ҳукмрон нархи баландтаринро пардохт мекунанд.
Здание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатии Русия "эътилофи хоҳишмандон"-ро кафандӯзи Украина номид
Аммо ин хабари хуше барои Зеленский ва гурӯҳи фасодзадаи ӯ ва албатта, барои ҳамаи истеҳсолкунандагони силоҳ аст, ки аз низоъ фоида мегиранд, таъкид кардааст Гавришко.
Лентаи хабарҳо
0