Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Олмониҳо баъди муроҷиати дирӯза ба украиниҳо ба Мертс дарафтоданд

© REUTERS /Christian MangКанцлер Германии Фридрих Мерц на пресс-конференции в штаб-квартире ХДС в Берлине, Германия.
Канцлер Германии Фридрих Мерц на пресс-конференции в штаб-квартире ХДС в Берлине, Германия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Обуна шудан
Вакили парлумони Аврупо Юнгблут, муроҷиати Мертсро ба украиниҳо шармандагӣ барои Олмон номид
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Муроҷиати садри аъзами Олмон Фридрих Мертс ба украиниҳо шармандагӣ барои тамоми кишвар шуд, навиштааст дар шабакаҳои иҷтимоӣ вакили парлумони Аврупо ва узви ҳизби "Алтернатива барои Олмон" Александр Юнгблут.
"Фридрих Мертс бори дигар бо видеои худ бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти Украина исбот кард, ки ӯ беҳтарин канслери Украина аст," – омадааст дар матлаби ӯ.
Вай афзуд, ки ба ҷои он ки аз мардуми Олмон дифоъ кунад, ки ҳоло бо назардошти вазъи иқтисодии фалокатбори кишвар ба он бештар аз ҳарвақта ниёз доранд, Мертс пеш аз ҳама ба корҳои кишвари дигар нигарон аст.
Здание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатии Русия "эътилофи хоҳишмандон"-ро кафандӯзи Украина номид
Ӯ омода аст, ки барои ин миллиардҳо долларро қурбон кунад, дар ҳоле ки дар ватан охирин маблағҳои шаҳрвандонро сарф мешаванд, таъкид кард Юнгблут.
Ӯ паёми Мертсро дар шабакаи иҷтимоии X, ки дар он ӯ шиори миллатгарои украиниро истифода бурд, чунин шарҳ додааст.
Лентаи хабарҳо
0