https://sputnik.tj/20260825/ijroi-barziyod-bunyodi-inshoot-jashni-khujand-1079918588.html
Иҷрои барзиёд: бунёди иншоотҳои ҷашнӣ дар Хуҷанд зиёда аз 143% иҷро шуд
Иҷрои барзиёд: бунёди иншоотҳои ҷашнӣ дар Хуҷанд зиёда аз 143% иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хуҷанд дар шаҳр бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 950 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешуд
2026-08-25T18:48+0500
2026-08-25T18:48+0500
2026-08-25T18:48+0500
хуҷанд
дар тоҷикистон
бунёд
иншоот
рӯзи истиқлолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/86/1029258611_0:0:2500:1406_1920x0_80_0_0_9c57a7b18a554b468076d4f96d8e2ec9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд машварати кории Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.Дар маҷлис ба рафти омодагиҳои чорабиниҳои 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд дар шаҳри бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 950 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешуд.“То ба имрӯз тибқи нақшаи 35 солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 1358 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки зиёда аз 143 фисади нақшаро дарбар мегирад”, - қайд кард раиси шаҳри Хуҷанд.Фирдавс Шарифзода дар ин ҷаласа иброз дошт, ки дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, рушди соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.Раиси шаҳр ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони маҳаллаҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои марбут ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла ташкил ва баргузории роҳпаймоии идона ва низомӣ, таъмини босифати иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, супоришҳои муҳаххас дод.Вай ҳамчунин ба мақомдорон дар бораи суръатбахшии корҳои созандагию ободонӣ, гулкорӣ, захираи маҳсулот ба давраи зимистон, рангубори биноҳои баландошёна ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, мумфаршкунии роҳҳо, танзими расму оин, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳо низ дод.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/59277
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/86/1029258611_0:0:2223:1667_1920x0_80_0_0_afe53a9bf1052a7d74724b2492aa26ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, дар тоҷикистон, бунёд, иншоот, рӯзи истиқлолият
хуҷанд, дар тоҷикистон, бунёд, иншоот, рӯзи истиқлолият
Иҷрои барзиёд: бунёди иншоотҳои ҷашнӣ дар Хуҷанд зиёда аз 143% иҷро шуд
Раиси шаҳри Хуҷанд дар шаҳр бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 950 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешуд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд машварати кории Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.
Дар маҷлис ба рафти омодагиҳои чорабиниҳои 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд дар шаҳри бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 950 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешуд.
“То ба имрӯз тибқи нақшаи 35 солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 1358 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки зиёда аз 143 фисади нақшаро дарбар мегирад”, - қайд кард раиси шаҳри Хуҷанд.
Фирдавс Шарифзода дар ин ҷаласа иброз дошт, ки дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, рушди соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.
Раиси шаҳр ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони маҳаллаҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои марбут ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла ташкил ва баргузории роҳпаймоии идона ва низомӣ, таъмини босифати иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, супоришҳои муҳаххас дод.
Вай ҳамчунин ба мақомдорон дар бораи суръатбахшии корҳои созандагию ободонӣ, гулкорӣ, захираи маҳсулот ба давраи зимистон, рангубори биноҳои баландошёна ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, мумфаршкунии роҳҳо, танзими расму оин, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳо низ дод.