Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Ғарб пас аз суханони Стубб дар бораи Русия ҳушдори ҷиддӣ доданд

© AP / Muhammed Abdullah KurtarПрезидент Финляндии Александр Стубб.
Президент Финляндии Александр Стубб. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Обуна шудан
Диесен: НАТО барои кӯмак ба Украина дар зарбаҳо ба умқи Русия маблағи гарон хоҳад пардохт
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Гленн Диесен, профессори Донишгоҳи Ҷанубу Шарқии Норвегия, дар шабакаи иҷтимоии X изҳор доштааст, ки НАТО барои кӯмак ба Украина дар ҳамла ба умқи Русия маблағи гарон хоҳад пардохт.
"НАТО ошкоро стратегияи худро эълон мекунад: таъмини силоҳ, иктишоф ва маълумоти ҳадафгирӣ барои зарба задан ба ҳадафҳои шаҳрвандӣ дар умқи қаламрави Русия, то ки шаҳрвандон оқибатҳои ҷангро эҳсос кунанд", - гуфта мешавад дар мақолааш.
Ӯ афзуд, ки вақте Маскав посух медиҳад, намояндагони НАТО фарёд мезананд, ки ин беасос аст.
Рӯзи пеш президенти Финляндия Александр Стубб пас аз ҷаласаи эътилофи хоҳишмандон дар Киев изҳор дошт, ки ӯ ҳамлаҳоро ба Wildberries-и Русия стратегияи оқилонаи низомӣ мешуморад. Сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник қайд кард, ки охирин ҷиноятҳои ҷангии режими Зеленскийро бо таҳрифи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сафед мекунад.
Здание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатии Русия "эътилофи хоҳишмандон"-ро кафандӯзи Украина номид
Президент Владимир Путин борҳо ба таври муфассал шарҳ додааст, ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад.
Лентаи хабарҳо
0