Он омили амният аст: Коршинос аз нақши СПАД дар таҳкими марзи Тоҷикистон гуфт

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2026
Обуна шудан
Маҳз СПАД ягона кафилест, ки ба нигоҳдошти сатҳи муайяни амниятӣ дар ин самти калидии минтақа қодир аст. Ва омили СПАД омили амниятӣ аст, бовар дорад коршинос
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Ҳодисаҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бори дигар нишон медиҳанд, ки бидуни СПАД, вазъият назоратнашаванда мешуд.
Фарҳод Иброҳимов, муаллими кафедраи иқтисоди Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ва коршиноси Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Русия, дар ин бора дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз СПАД ягона кафилест, ки ба нигоҳдошти сатҳи муайяни амниятӣ дар ин самти калидии минтақа қодир аст. Ва омили СПАД омили амниятӣ аст.
"Инро бояд пурра дарк кард. Аз ин рӯ, имрӯз Тоҷикистон хуб медонад, ки ба шарофати узвияти худ дар СПАД ва ба шарофати ҳузури Русия дар Тоҷикистон, мо метавонем бо итминон бигӯем, ки кишвар аз ҷониби унсурҳои тундрав фурӯ бурда нашудааст ва байни Толибон* ва Тоҷикистон ҳамкорӣ вуҷуд дорад",- бовар дорад коршинос.
Маълум аст, ки Русия ҳокимияти Толибонро* дар Кобул эътироф мекунад, ин қудрат ҳам аз ҷиҳати воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ дар он ҷо мустаҳкам шудааст ва робитаҳои мавҷуда байни Маскав ва Толибон барои рушди муколама байни Тоҷикистон ва Толибон имкон фароҳам меоранд, мегӯяд Иброҳимов.
Ба таъкиди коршинос, новобаста аз он, ки муносибатҳои Душанбе ва Толибон* то чӣ андоза шиддатнок бошанд, таъсири Русия вазъиятро ором мекунад.
СПАД бошад, ҳамчун як ниҳод машқҳо ва амалиётҳои дахлдорро дар маҳал барои ҳифзи марзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз ҳама гуна унсурҳо, аз ҷумла ифротиён, террористҳо ва ғайра, анҷом медиҳад.
VI заседание московского формата консультаций по Афганистану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Коршинос: Русия метавонад ба Тоҷикистон барои музокира Толибон* кумак кунад
Тоҷикистон ва Афғонистон марзи тӯлонии беш аз 1300 километрро доранд.
Аз ин, хати марз бо Афғонистон беш аз 1100 километраш тавассути об ва қариб 190 километрро тавассути замин мегузарад.
Ҷумҳурӣ мустақиман бо чор вилояти шимолу шарқии Афғонистон ҳамсарҳад аст.
* Ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0