Мақомоти вилояти Хатлон гуфт дар давоми 35 сол чӣ қадар корхонаи саноатӣ бунёд гардид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗавод по производству питьевой воды Global Invest в городе Нурек.
Завод по производству питьевой воды Global Invest в городе Нурек.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят беш аз 900 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Агар соли 1991 дар вилояти Хатлон 75 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, соли 2025 шумораи он ба 912 адад расид.
Дар ин бора Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медод, пас он соли 2025 ба 13 миллиарду 980 миллион сомонӣ расидааст.
Дар сохтори саноати вилояти Хатлон рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук мавқеи муҳим дорад.
“То соли 2026 дар вилоят 78 корхона ва коргоҳи пахтатозакунӣ, 31 корхона ва коргоҳи дӯзандагӣ ва 6 корхонаи ресандагӣ фаъолият намуда истодааст. Ин корхонаҳо дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ саҳми назаррас доранд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки то соли 2026 дар вилояти Хатлон 19 миллиарду 790,2 миллион киловатт-соат неруи барқ, 3086,4 ҳазор тонна семент ва 91,2 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст.
Эмомали Рахмон встретился с активистами Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Супоришҳо дод: Раҳмон аз мушкилот дар рушди саноату кишоварзӣ дар Суғд таъкид кард
Ёдовар мешавем, ки саноат дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳаммияти калидӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0