https://sputnik.tj/20260822/gharb-rakhnashavi-tamomi-khati-jabhai-amaliyoti-vizhai-1079848288.html
Дар Ғарб дар бораи рахнашавӣ дар тамоми хати ҷабҳаи амалиёти вижаи низомӣ хабар доданд
Дар Ғарб дар бораи рахнашавӣ дар тамоми хати ҷабҳаи амалиёти вижаи низомӣ хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Профессор Диесен: дар низоъи Украина лаҳзаи хатарнок барои Киев фаро расидааст
2026-08-22T17:51+0500
2026-08-22T17:51+0500
2026-08-22T17:51+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
ғарб
ҷанг
низоъ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/15/1079848868_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8b7d4820d50e8eea3e9c4dc1399cfa34.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Глен Диесен, профессори Донишгоҳи Ҷанубу Шарқии Норвегия, дар шабакаи YouTube-и худ изҳор доштаст, ки Украина дар тамоми хати ҷабҳа шикаст мехӯрад ва Ғарб наметавонад кумак кунад."Низоъ ба марҳилаи нав ворид мешавад. Ва захираҳои силоҳи НАТО тамом мешаванд. Гап сари он нест, ки Трамп намехоҳад мушакҳои “Patriot”-ро ба Украина фиристад - ӯ худаш ҳоло мушак надорад. Бо аврупоиҳо низ ҳамин тавр аст. Пул ва силоҳи онҳо ба итмом расидааст. Украина сарбозонро аз даст медиҳад. Русҳо мебинанд, ки чӣ рӯй дода истодааст. Онҳо мебинанд, ки хатти ҷабҳа дар тарафи Украина тангтар мешавад. Дар тамоми ҷабҳа рахнашавӣ ҷой дорад. Украиниҳо дар мавқеи заиф ҳастанд, ва Русия метавонад зарбаи нокаутӣ занад", - қайд кард ӯ."Қариб тамоми инфрасохтори муҳими Украина таҳти ҳамла қарор дорад: корхонаҳо, сехҳои васлкунӣ, марказҳои тақсимот, анборҳо, дигар иншооти логистикӣ, пулҳо, роҳҳои оҳан, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, корхонаҳои коркарди нафт. Ин ҳамлаи васеъмиқёс аст ва ҳамаи ин замоне рух медиҳад, ки иқтидори дифоъи ҳавоии худро Украина тамом шудааст ", - шарҳ дод профессор.Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, нерӯҳои Русия дар тӯли 24 соати охир деҳаҳои Матяшево ва Николайполеро дар ҶХ Донетск озод карданд. Дар ҳамин ҳол, дар як шаб, ҳарбиён ба иншооти саноатии низомӣ, маркази нақлиёт ва логистикӣ ва анборҳо дар Киев ва минтақаи атроф ҳамлаи бузурге анҷом доданд.Душман 1390 сарбози худро аз даст додаст.
https://sputnik.tj/20260122/narishkin-ima-sarparast-asosi-kiev-1074710472.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/15/1079848868_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1b2c8f14712b0e3905dd080286b837d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, ғарб, ҷанг, низоъ, русия
украина, амалиёти вижа, ғарб, ҷанг, низоъ, русия
Дар Ғарб дар бораи рахнашавӣ дар тамоми хати ҷабҳаи амалиёти вижаи низомӣ хабар доданд
Профессор Диесен: дар низоъи Украина лаҳзаи хатарнок барои Киев фаро расидааст
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Глен Диесен, профессори Донишгоҳи Ҷанубу Шарқии Норвегия, дар шабакаи YouTube-и худ изҳор доштаст, ки Украина дар тамоми хати ҷабҳа шикаст мехӯрад ва Ғарб наметавонад кумак кунад.
"Низоъ ба марҳилаи нав ворид мешавад. Ва захираҳои силоҳи НАТО тамом мешаванд. Гап сари он нест, ки Трамп намехоҳад мушакҳои “Patriot”-ро ба Украина фиристад - ӯ худаш ҳоло мушак надорад. Бо аврупоиҳо низ ҳамин тавр аст. Пул ва силоҳи онҳо ба итмом расидааст. Украина сарбозонро аз даст медиҳад. Русҳо мебинанд, ки чӣ рӯй дода истодааст. Онҳо мебинанд, ки хатти ҷабҳа дар тарафи Украина тангтар мешавад. Дар тамоми ҷабҳа рахнашавӣ ҷой дорад. Украиниҳо дар мавқеи заиф ҳастанд, ва Русия метавонад зарбаи нокаутӣ занад", - қайд кард ӯ.
"Қариб тамоми инфрасохтори муҳими Украина таҳти ҳамла қарор дорад: корхонаҳо, сехҳои васлкунӣ, марказҳои тақсимот, анборҳо, дигар иншооти логистикӣ, пулҳо, роҳҳои оҳан, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, корхонаҳои коркарди нафт. Ин ҳамлаи васеъмиқёс аст ва ҳамаи ин замоне рух медиҳад, ки иқтидори дифоъи ҳавоии худро Украина тамом шудааст ", - шарҳ дод профессор.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, нерӯҳои Русия дар тӯли 24 соати охир деҳаҳои Матяшево ва Николайполеро дар ҶХ Донетск озод карданд. Дар ҳамин ҳол, дар як шаб, ҳарбиён ба иншооти саноатии низомӣ, маркази нақлиёт ва логистикӣ ва анборҳо дар Киев ва минтақаи атроф ҳамлаи бузурге анҷом доданд.
Душман 1390 сарбози худро аз даст додаст.