Афзоиши 10 баробарии шумори корхонаҳои тавлиди маводи ғизоӣ дар 35 сол дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству молочной продукции Агропромышленного комплекса "Саховат" в Худжанде.
Предприятие по производству молочной продукции Агропромышленного комплекса Саховат в Худжанде.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, аз соли 1991 инҷониб шумораи корхонаҳои саноати ғизоӣ дар Тоҷикистон даҳ маротиба афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Шумораи корхонаҳои саноати ғизоӣ дар Тоҷикистон аз соли 1991 то 2025 беш аз даҳ баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни суханрониаш дар ифтитоҳи аввалин форуми байналмилалии саноати ғизоӣ дар Душанбе хабар дод.
"Дар ҳоле ки дар соли 1991 дар Тоҷикистон танҳо 90 корхонаи саноати ғизоӣ фаъолият мекарданд, то соли 2025 шумораи онҳо ба 921 адад расидааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вай, истеҳсолот дар ин бахш дар соли 2025 ба 12,4 миллиард сомонӣ (1,35 миллиард доллар) расид, ки тақрибан 16% афзоишро нишон медиҳад.
Вай афзуд, ки саҳми саноати ғизоӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии Тоҷикистон тақрибан 19% аст.
Вазир қайд кард, ки ин афзоиши назаррас ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ эҷод кардааст, коркарди ашёи хоми ватаниро афзоиш додааст ва сифати хӯрокворӣ беҳтар шудааст.
Шералӣ Кабир инчунин дар бораи ҳадафҳои стратегӣ дар ин самт, аз ҷумла коркарди амиқи ашёи хом ва афзоиши арзиши иловашудаи маҳсулоти ватанӣ, таъкид кард.
Вай изҳори боварӣ кард, ки ин ҳадафҳо тавассути кам кардани талафот тавассути рушди инфрасохтори логистикӣ, такмили системаи стандартӣ ва таъмини риояи пурраи стандартҳои байналмилалии бехатарии ғизоӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақобатпазир ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба даст оварда мешаванд.
Образцы продукции предприятия Саири Согд в Согдийской свободной экономической зоне.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
"Суғд" пешсаф: эълони ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар МОИ Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нав ду самти асосиро қайд кард.
Вай гуфт, самти аввал ин ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, бахусус дар соҳаи коркард ва бастабандии муосиру логистика мебошад. Самти дигар ин рақамикунонии истеҳсолот ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тақрибан 500 намоянда аз 15 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон, дар аввалин форуми байналмилалии саноати ғизоӣ дар Душанбе иштирок мекунанд.
Истеҳсолкунандагон, шарикони байналмилалӣ, коршиносон ва соҳибкорон масъалаҳои марбут ба сифат ва бехатарии маҳсулот, имкониятҳои содирот ва ҳамгироӣ ба занҷирҳои ҷаҳонии таъминотро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамоиши мазкур то 21 август идома хоҳад ёфт, аз ҷумла дар дорираи ҳамоиш намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумат ташкил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0