Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи боз намудани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни кишварҳои ИДМ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкАСамолеты в международном аэропорту Владивосток (Кневичи) имени В.К.Арсеньева.
АСамолеты в международном аэропорту Владивосток (Кневичи) имени В.К.Арсеньева.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2026
Обуна шудан
Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҷаласаи кории Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, ки дар Маскав баргузор шуд, баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Назарзода Ҳабибулло, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар ҷаласаи кории Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), ки дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, иштирок намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими сатҳи бехатарии парвозҳо, татбиқи стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои авиатсионӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа, ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2026
Дархости ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо ба Эрон
аз 1 январи соли 2026 и Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ намуд.
Агентӣ қайд кардааст, ки ин масъулият дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барои Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам меорад, ки дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми бештар гузорад.
Таъкид шудааст, ки раёсати Тоҷикистон ба рушди авиатсияи гражданӣ дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳод такони иловагӣ бахшида, нуфуз ва обрӯи авиатсияи граждании Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад
Лентаи хабарҳо
0