https://sputnik.tj/20260819/dasturi-rahmon-raqamikunoni-khizmatrasonihoi-davlati-1079774016.html
Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ
Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомдорон барои суръат бахшидани Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот дастурҳои мушаххас дод
2026-08-19T14:47+0500
2026-08-19T14:47+0500
2026-08-19T14:52+0500
дар тоҷикистон
технологияи навин
технология
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/13/1079774276_321:412:1765:1224_1920x0_80_0_0_cdb7de775e40a028deb3a115d162aee1.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ барои гузариши пурраи хизматрасонии афзалиятноки давлатӣ ба шакли электронӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот дастуру супоришҳо дод.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президент, дастурҳои дахлдор рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи аввали Шӯро, ки дар Душанбе баргузор шуд, дода шуданд.Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи "Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Раҳмон қайд кард, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.Ба гуфтаи вай, дар кишвар низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад.Дар ин робита, роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи "маълумот танҳо як маротиба" аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.Дар ҳамин ҳол, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.Ҳамчунин Раҳмон ба Хадамоти гумрук супориш дод, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.Инчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57659
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/13/1079774276_469:421:1610:1277_1920x0_80_0_0_11e875d811ab3b3577c941a1979d5c8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, технологияи навин, технология, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, технологияи навин, технология, эмомалӣ раҳмон
Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ
14:47 19.08.2026 (Навсозишуда: 14:52 19.08.2026) Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомдорон барои суръат бахшидани Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот дастурҳои мушаххас дод
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ барои гузариши пурраи хизматрасонии афзалиятноки давлатӣ ба шакли электронӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот дастуру супоришҳо дод.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президент, дастурҳои дахлдор рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи аввали Шӯро, ки дар Душанбе баргузор шуд, дода шуданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи "Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раҳмон қайд кард, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Ба гуфтаи вай, дар кишвар низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад.
Дар ин робита, роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи "маълумот танҳо як маротиба" аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҳамин ҳол, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.
Ҳамчунин Раҳмон ба Хадамоти гумрук супориш дод, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.
Инчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.