Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қарзи давлатии Украина пас аз "Майдон" беш аз 16 маротиба афзоиш ёфт

© Sputnik / Andrey SteninДым от пожаров и сторонники оппозиции на площади Независимости в Киеве
Дым от пожаров и сторонники оппозиции на площади Независимости в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2026
Обуна шудан
Қарзи давлатии Украина аз охири соли 2013 беш аз 16 маротиба афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Тибқи омор хабаргузории РИА "Новости", қарзи давлатии Украина аз охири соли 2013, вақте ки эътирозҳо бо табаддулот ба анҷом расиданд, беш аз 16 маротиба афзоиш ёфтааст.
"То 30 июни соли 2026, қарзи давлатӣ ва кафолатдодашудаи Украина 9,490,8 миллиард гривен ё 211,6 миллиард долларро ташкил дод", иттилоъ додааст Вазорати молияи Украина,
Тибқи иттилои ин нищод, дар охири соли 2013, қарзҳо дар маҷмӯъ 584,79 миллиард гривенро ташкил доданд, ки ин 16,2 маротиба афзоишро нишон медиҳад.
Киев кӯшиш мекунад, ки сӯрохиҳои буҷаро бо маблағгузории беруна пур кунад. Дар айни замон, дар Ғарб, пас аз музокироти тӯлонӣ, тақсимоти бастаҳои нави кӯмак идома дорад ва шарикон бештар ҳушдор медиҳанд, ки Украина бояд ҷустуҷӯи манбаъҳои худмаблағгузории худро тақвият диҳад.
Флаги РФ и США на стартовой площадке космодрома Байконур. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шӯрои Федератсия музокироти байни Русия ва ИМА-ро дар бораи Украина арзёбӣ кард
Дар моҳи ноябри соли 2013, пас аз он ки ҳукумат эълон кард, ки имзои созишномаи иттиҳодияро бо ИА боздоштааст, як қатор эътирозҳо дар саросари кишвар сар заданд. Нооромиҳо зуд ба таври шадиди зиддипрезидентӣ ва зиддиҳукуматӣ ранг гирифтанд. Даргириҳо байни мацомоти интизомӣ ва тазоҳуркунандагон боиси кушта шудани беш аз 100 нафар шуданд.
Эътирозҳо ба табаддулоти давлатӣ табдил ёфтанд, ки боиси сарнагунии президент Виктор Янукович дар 22 феврали соли 2014 гардид.
Лентаи хабарҳо
0