Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров гуфт, Русия ба иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар амалиёти вижа низомӣ арзиш қоил аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2026
Обуна шудан
Шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои африқоӣ, дар доираи амалиёти махсуси низомӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартномаҳо имзо мекунанд, гуфт дипломат
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Русия иштироки шаҳрвандони як қатор кишварҳоро дар амалиёти махсуси низомӣ бо нишони ҳамбастагӣ бо Маскав баланд арзёбӣ мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Вазорати дифои Русия дархостҳои кишварҳоро дар бораи иштироки шаҳрвандони худ дар амалиёти махсуси низомӣ баррасӣ мекунад.
Дар музокирот бо вазири корҳои хориҷии Гана Самуэл Окудзето Аблаква, ӯ масъалаи нияти Гана барои ҳамкорӣ бо Русияро барои бастани роҳҳои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандон ба миён гузошт.
"Ман мехоҳам қайд кунам, ки мо масъалаи ҷанги ҷавонони ганагиро дар амалиёти махсуси низомӣ ба миён гузоштем. Шасту ду нафар кушта ва понздаҳ нафар бедарак шудаанд. Ҷаноби Лавров ба ман итминон дод, ки мо метавонем якҷоя кор кунем, то ин роҳҳои ҷалби ғайриқонуниро боздорем, то ҷони ҷавононро наҷот диҳем. Ин масъалаи хеле муҳим барои мост", - гуфт Аблаква пас аз музокироташ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Аз ҷониби худ, Лавров шарҳ дод, ки шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои африқоӣ, дар доираи амалиёти махсуси низомӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартномаҳо имзо мекунанд.
"Мо арзиш қоилем, ки баъзеи онҳо ин корро аз рӯи ҳамбастагӣ бо кишваре анҷом доданд, ки ба онҳо дар мубориза бо нажодпарастӣ низ кумак кардааст. Баъзеҳо бо сабабҳои моддӣ ва молиявӣ имзо гузоштанд. Ин чизи ғайриоддӣ нест", - афзуд вазир.
Ӯ гуфт, ки маълумот дар бораи шартҳои чунин шартномаҳо муддати тӯлонӣ дар захираҳои гуногун дастраси умум буд. Мо фаҳмондем, ки ҳамаи ин таҳти назорати Вазорати дифоъ аст.
Ба таъкили Лавров, якчанд кишварҳои дигар низ дархостҳои монанд гирифтаанд.
"Вазорати дифоъ як ниҳоди махсус дорад, ки дархостҳои иловагиро, ба монанди дархостҳоеро, ки имрӯз аз дӯстони ганаии мо гирифта шудаанд, баррасӣ мекунад ва ман итминон дорам, ки онҳоро низ баррасӣ хоҳад кард", - афзуд сиёсатмадор.
Лентаи хабарҳо
0