https://sputnik.tj/20260816/sadama-nizom-enerzhi-osiyoi-markazi-tajhizot-barq-tojikiston-zarar-1079703538.html
Садама дар низоми энержии Осиёи Марказӣ ба таҷҳизоти барқии Тоҷикистон зарар нарасонидааст
Садама дар низоми энержии Осиёи Марказӣ ба таҷҳизоти барқии Тоҷикистон зарар нарасонидааст
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз садама дар низоми энергетикии Осиёи Марказӣ Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хостори мубодилаи саривақтии иттилоот, тақвияти назорати реҷаи кори низом ва ҳамкории фаврии мутахассисони соҳа дар ҳолатҳои фавқулода шуд
2026-08-16T13:25+0500
2026-08-16T13:25+0500
2026-08-16T13:25+0500
дар тоҷикистон
барқ
вазорати энергетика ва захираҳои об
садама
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/14/1079099729_0:273:810:729_1920x0_80_0_0_57185d488e00bb6168543efbf83d76da.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Садама дар низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ба таҷҳизоти барқии низоми энергетикии Тоҷикистон ягон зарар нарасонида, онҳо дар ҳолати коршоямӣ боқӣ монданд.Дар ин бора дар пайи ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Вазорати энержии Тоҷикистон, ки ҳолатро таълил кардаанд, гузориш дода шуд.Зимни ҷаласа масъалаи рафти ба амал омадани садама, таъсири он ба низоми энергетикии кишвар, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати барқарорсозии таъминоти неруи барқ ва роҳҳои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати энержии Тоҷикистон.Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои таҳлили ҳамаҷонибаи сабабҳои садама, арзёбии устувории кори низоми энергетикӣ ва таҳияи чораҳои иловагӣ барои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳавӣ бо Маркази ҳамоҳангсозию диспетчерии “Энергия” тақвият дода шуда, мубодилаи саривақтии иттилоот, назорати реҷаи кори низом ва ҳамкории фаврии мутахассисони соҳа дар ҳолатҳои фавқулода таъмин карда шавад.Таъкид шудааст, ки ҳодиса 14-уми августи соли 2026, соати 14:38, дар натиҷаи ба вуҷуд омадани номувозинатӣ байни ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, фаъолияти муътадили низоми энергетикӣ халалдор гардид.Тибқи иттилои мавҷуда, сабаби асосии ба вуҷуд омадани номувозинатӣ ин қатъ гардидани фаъолияти ду гидроагрегати НБО “Токтогул”-и Қирғизистон бо иқтидори умумии 600 МВт мебошад.Дар натиҷа, сарбории генераторҳои аз кор бозмонда ба хати интиқоли барқи 500 кВ-и самти шимол–ҷануби Қазоқистон гузашт.Афзоиши сарбории аз меъёри муқарраргардида зиёд боиси ба таври автоматики хомӯш гардидани хатҳои интиқоли барқи 500 кВ ва дар пайи он халалдор шудани реҷаи муътадили кори Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гардид.Бо дарназардошти вазъи баамаломада, соати 14:43 низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо шуд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати энержии кишвар.Таъкид мешавад, ки пас аз ба амал омадани ин ҳолат мутахассисони соҳаи энергетикаи кишвар барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти низоми энергетикӣ чораҳои фаврӣ андешида, соати 16:40 як қисми низоми энергетикии кишвар барқарор гардида, то соати 19:30 фаъолияти пурраи муътадили низоми энергетикии ҷумҳурӣ таъмин шуд.Ҳамзамон, низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст гардид.
https://sputnik.tj/20260810/mutakhassis-guft-tojikiston-limit-barq-jori-namekunad-1079573406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/14/1079099729_0:147:810:755_1920x0_80_0_0_5a7852787cd5a7f8a5c3a7df3e4cb78e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, вазорати энергетика ва захираҳои об, садама, осиёи марказӣ
дар тоҷикистон, барқ, вазорати энергетика ва захираҳои об, садама, осиёи марказӣ
Садама дар низоми энержии Осиёи Марказӣ ба таҷҳизоти барқии Тоҷикистон зарар нарасонидааст
Пас аз садама дар низоми энергетикии Осиёи Марказӣ Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хостори мубодилаи саривақтии иттилоот, тақвияти назорати реҷаи кори низом ва ҳамкории фаврии мутахассисони соҳа дар ҳолатҳои фавқулода шуд
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Садама дар низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ба таҷҳизоти барқии низоми энергетикии Тоҷикистон ягон зарар нарасонида, онҳо дар ҳолати коршоямӣ боқӣ монданд.
Дар ин бора дар пайи ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Вазорати энержии Тоҷикистон, ки ҳолатро таълил кардаанд, гузориш дода шуд.
Зимни ҷаласа масъалаи рафти ба амал омадани садама, таъсири он ба низоми энергетикии кишвар, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати барқарорсозии таъминоти неруи барқ ва роҳҳои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати энержии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои таҳлили ҳамаҷонибаи сабабҳои садама, арзёбии устувории кори низоми энергетикӣ ва таҳияи чораҳои иловагӣ барои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳавӣ бо Маркази ҳамоҳангсозию диспетчерии “Энергия” тақвият дода шуда, мубодилаи саривақтии иттилоот, назорати реҷаи кори низом ва ҳамкории фаврии мутахассисони соҳа дар ҳолатҳои фавқулода таъмин карда шавад.
Таъкид шудааст, ки ҳодиса 14-уми августи соли 2026, соати 14:38, дар натиҷаи ба вуҷуд омадани номувозинатӣ байни ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, фаъолияти муътадили низоми энергетикӣ халалдор гардид.
Тибқи иттилои мавҷуда, сабаби асосии ба вуҷуд омадани номувозинатӣ ин қатъ гардидани фаъолияти ду гидроагрегати НБО “Токтогул”-и Қирғизистон бо иқтидори умумии 600 МВт мебошад.
Дар натиҷа, сарбории генераторҳои аз кор бозмонда ба хати интиқоли барқи 500 кВ-и самти шимол–ҷануби Қазоқистон гузашт.
Афзоиши сарбории аз меъёри муқарраргардида зиёд боиси ба таври автоматики хомӯш гардидани хатҳои интиқоли барқи 500 кВ ва дар пайи он халалдор шудани реҷаи муътадили кори Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гардид.
Бо дарназардошти вазъи баамаломада, соати 14:43 низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо шуд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати энержии кишвар.
“Дар натиҷа, дар низоми энергетикии кишвар тағйироти босуръати басомад ба амал омада, фаъолияти муътадили як қатор гидроагрегатҳо дар неругоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ қатъ гардид. Ин ҳолат, дар маҷмуъ ба аз кор мондани низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонид”,- афзуд манбаъ.
Таъкид мешавад, ки пас аз ба амал омадани ин ҳолат мутахассисони соҳаи энергетикаи кишвар барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти низоми энергетикӣ чораҳои фаврӣ андешида, соати 16:40 як қисми низоми энергетикии кишвар барқарор гардида, то соати 19:30 фаъолияти пурраи муътадили низоми энергетикии ҷумҳурӣ таъмин шуд.
Ҳамзамон, низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст гардид.