Дар НБО “Норак” садама рух надодааст: Мақомот қатъи барқро дар саросари кишвар шарҳ дод

© Sputnik / Кирилл БрагаМонтажник проводит плановый ремонт на линии электропередач.
Монтажник проводит плановый ремонт на линии электропередач. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2026
Обуна шудан
Вазорати энергетика хабар додааст, ки айни замон фаъолияти низоми энергетикӣ ба ҳолати муътадил баргашта, таъминоти неруи барқ барои истеъмолкунандагон пурра барқарор карда шудааст
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон аз ҷумла вилояти Суғд, Хатлон рӯзи 14 август соли равон якбора барқ қатъ шуд.
Ҳамчунин вазъият дар шаҳри Алматои Қазоқистон ва чанд вилояти Қирғизистон ба вуҷуд омад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар хабарномае навишт, барои бартараф кардани мушкилӣ ситоди корӣ таъсис ёфта, мутахассисон сабаби қатъи барқро месанҷанд.
“Барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти муътадили низоми энергетикӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст”, -қайд кард вазорат.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кард, ки дар кутоҳтарин муҳлат низоми энергетикӣ ба ҳолати муътадили фаъолият баргардонида мешавад.
Ҳамзамон хабар дода шуд, ки бо мақсади муайян намудани сабабҳои рух додани садама гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
“Гурӯҳи корӣ ҳолати баамаломадаро ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода, пас аз анҷоми корҳои дахлдор сабабҳои дақиқи рух додани садама муайян карда мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар асоси хулосаҳои дахлдор пешниҳод хоҳанд гардид”, - зикр кард вазорати энерегтика.
‎Инчунин вазорат таъкид кард, ки иттилооти паҳншуда дар бораи гӯё дар НБО "Норак" рух додани садама асос надорад.
НБО Роғун Тоҷикистонро аз воридкунанда ба содиркунандаи барқ табдил хоҳад дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2026
НБО "Роғун" Тоҷикистонро аз воридкунанда ба содиркунандаи барқ табдил хоҳад дод.
Сипас вазорати энергетика пас аз чанд соат хабар дод, ки ҳолати баамаломада дар низоми энергетикии Тоҷикистон пурра бартараф гардида, таъминоти неруи барқ дар тамоми минтақаҳои кишвар барқарор карда шуд.
Вазорати энергетика хабар дод, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳои мавҷуда, ҳолати баамаломада дар низоми энергетикии кишвар пурра бартараф гардид.
“Айни замон фаъолияти низоми энергетикӣ ба ҳолати муътадил баргашта, таъминоти неруи барқ барои истеъмолкунандагон пурра барқарор карда шудааст”, - афзуд вазорат.
Чанде пеш расонаҳо хабар доданд, ки 14 августи соли 2026 тақрибан соатҳои 15:00–15:15 дар низоми энергетикии Осиёи Марказӣ садамаи калони технологӣ ба амал омад, ки боиси қатъ шудани барқ (блэкаут) дар чанд кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гардид.
Ёдовар мешавем, ки санани 25 январи соли 2022 дар бисёре аз ноҳияҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон интиқоли неруи барқ дар як вақт қатъ шуд. Сабаби ин ҳодиса садама дар шабакаи нерӯи барқи Қазоқистон ва мушкилот дар ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ буд.
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Талафоти нерӯи барқ ​​дар баъзе минтақаҳои Хатлон ба 26% расид
Қобили зикр аст, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар як ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ муттаҳид шудаанд. Лоиҳаи системаи ягонаи энергетикӣ дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд ва интегратсия пас аз пошхӯрии СССР идома ёфт.
Қаблан ин системаро Маркази ҳамоҳангсозӣ-диспетчерӣ дар шаҳри Тошканд идора мекард ва имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба нерӯи барқ ​​ва обро дар давраи обёрӣ танзим кунад.
Тоҷикистону Қиргизистон дар давраи гармӣ ба ҳамсояҳои худ нерӯи аз меъёр зиёд истеҳсолшударо додаву, дар фасли само об ҷамъ мекарданд ва барқро аз кишварҳои минтақа ворид месохтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2003 Туркманистон аз низоми воҳид, дар соли 2009 Тоҷикистон аз "ҳалқаи энергетикӣ" хориҷ шуданд.
Дар соли 2026, Тоҷикистон раванди пайвастшави ва бозгашти пурра ба Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро фаъолона анҷом медиҳад.
Қисми ҷанубии шабакаи барқи кишвар аллакай пайваст ва ҷараёни барқро қабул мекунад ва пайвастшавии минтақаҳои шимолӣ барои марҳилаи ниҳоии ҳамгироӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тоҷикистон нақша дорад, тирамоҳи соли 2026 ба Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пурра пайваст шавад. Корҳои техникӣ барои муттаҳид кардани системаҳои энергетикии минтақаи шимолии кишвар ба як ҳалқаи ягонаи минтақавӣ айни замон анҷом меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0