https://sputnik.tj/20260815/jadvali-mendeleev-tojikiston-kadom-kandaniho-boy-1079685456.html
Қариб тамоми ҷадвали Менделеев: Тоҷикистон аз кадом канданиҳо бой аст?
Қариб тамоми ҷадвали Менделеев: Тоҷикистон аз кадом канданиҳо бой аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи як коршинос, истихроҷи захираҳои бойи канданиҳои Тоҷикистон бинобар релефи кӯҳистонӣ ва норасоии энержӣ душвор аст
2026-08-15T15:49+0500
2026-08-15T15:49+0500
2026-08-15T15:49+0500
дар тоҷикистон
канданиҳои фоиданок
маъдан
саноат
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1b/1068486809_0:117:1600:1017_1920x0_80_0_0_1c701316d5d3be8f542bcc50eb044794.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар хоки Тоҷикистон қариб тамоми ҷадвали давриии унсурҳои кимиёӣ мавҷуд аст.Аммо, сарфи назар аз захираҳои фаровони канданиҳо, коркарди онҳо аз сабаби дастрас набудани конҳо ва арзиши баланди истихроҷ мушкилтар аст.Дар ин бора Роман Селнитсин, дотсенти кафедраи металлҳои ранга ва тиллои Донишгоҳи МИСИСИ Русия дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.Ба гуфтаи донишманди рус, ҷустуҷӯи геологӣ дар кишвар хеле хуб анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, як кони бузурги нуқра кашф шудааст, ки аз рӯи захираҳо дар ҷаҳон пас аз Чили дар ҷои дуюм қарор дорад.Вай таъкид кард, ки мутаасифона коркарду истихроҷи ин захираҳои калон, бо мушкилот рӯбарӯ аст."93% кишвар кӯҳистонӣ ва танҳо 7% заминҳои ҳамвор аст. Аксари металлҳо дар шимоли Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Суғд, мутамарказ шудаанд. Аммо, дастрасӣ ба онҳо душвор аст ва баъзе конҳо дар оянда вақте ки илм ва технология ин равандро арзонтар кунанд, метавон онро коркард кард. Дар айни замон, коркард фоидаовар нест ва ё сармоягузории назаррас ё ҷустуҷӯи сармоягузоронро талаб мекунад", - шарҳ дод Селнитсин.Коршинос қайд кард, ки масъалаи сармоягузорӣ барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст. Баъзе истеҳсолот, аз қабили сурма ва дигар металлҳо, аллакай дар доираи шарикии Тоҷикистону Чин амалӣ карда мешаванд.Ҷумҳурӣ дорои имкониятҳои бузург аст, аммо релефи баландкӯҳ ва захираҳои маҳдуди энергетикии он маҳдудиятҳои назаррасеро барои рушди сарватҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меорад.Коршинос ду сенарияи имконпазирро мебинад: ё интизори пайдоиши технологияҳои нави истихроҷ, ки равандро аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноктар мегардонанд, ё ҳоло рушдро оғоз мекунанд танҳо бо сармоягузории назарраси соҳа.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/59198
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1b/1068486809_177:0:1600:1067_1920x0_80_0_0_4b722e5b20e3751c3a6a0758f4cf3802.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, маъдан, саноат, коршинос
дар тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, маъдан, саноат, коршинос
Қариб тамоми ҷадвали Менделеев: Тоҷикистон аз кадом канданиҳо бой аст?
Эксклюзив
Ба гуфтаи як коршинос, истихроҷи захираҳои бойи канданиҳои Тоҷикистон бинобар релефи кӯҳистонӣ ва норасоии энержӣ душвор аст
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар хоки Тоҷикистон қариб тамоми ҷадвали давриии унсурҳои кимиёӣ мавҷуд аст.
Аммо, сарфи назар аз захираҳои фаровони канданиҳо, коркарди онҳо аз сабаби дастрас набудани конҳо ва арзиши баланди истихроҷ мушкилтар аст.
Дар ин бора Роман Селнитсин, дотсенти кафедраи металлҳои ранга ва тиллои Донишгоҳи МИСИСИ Русия дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи донишманди рус, ҷустуҷӯи геологӣ дар кишвар хеле хуб анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, як кони бузурги нуқра кашф шудааст, ки аз рӯи захираҳо дар ҷаҳон пас аз Чили дар ҷои дуюм қарор дорад.
Вай таъкид кард, ки мутаасифона коркарду истихроҷи ин захираҳои калон, бо мушкилот рӯбарӯ аст.
"93% кишвар кӯҳистонӣ ва танҳо 7% заминҳои ҳамвор аст. Аксари металлҳо дар шимоли Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Суғд, мутамарказ шудаанд. Аммо, дастрасӣ ба онҳо душвор аст ва баъзе конҳо дар оянда вақте ки илм ва технология ин равандро арзонтар кунанд, метавон онро коркард кард. Дар айни замон, коркард фоидаовар нест ва ё сармоягузории назаррас ё ҷустуҷӯи сармоягузоронро талаб мекунад", - шарҳ дод Селнитсин.
Коршинос қайд кард, ки масъалаи сармоягузорӣ барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст. Баъзе истеҳсолот, аз қабили сурма ва дигар металлҳо, аллакай дар доираи шарикии Тоҷикистону Чин амалӣ карда мешаванд.
Ҷумҳурӣ дорои имкониятҳои бузург аст, аммо релефи баландкӯҳ ва захираҳои маҳдуди энергетикии он маҳдудиятҳои назаррасеро барои рушди сарватҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меорад.
Коршинос ду сенарияи имконпазирро мебинад: ё интизори пайдоиши технологияҳои нави истихроҷ, ки равандро аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноктар мегардонанд, ё ҳоло рушдро оғоз мекунанд танҳо бо сармоягузории назарраси соҳа.