Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Русия ба ҳамаи аҳдофаш дар амалиёти вижаи низомӣ мерасад

© telegram Sputnik_TajikistanРусия омода аст тамоми чораҳои пешбинишударо дар шартнома барои ҳифзи Давлати Иттиҳод андешад, изҳор дошт Лавров
Русия омода аст тамоми чораҳои пешбинишударо дар шартнома барои ҳифзи Давлати Иттиҳод андешад, изҳор дошт Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Вазири қмқри хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ба ҳамаи ҳадафҳои эълон кардааш дар амалиёти вижаи низомӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ВГТРК изҳор дошт, ки ҳамаи ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ амалӣ хоҳанд шуд.
"Мо мунтазам изҳороти қавӣ мешунавем. Ва президенти Русия Владимир Владимирович Путин ба таври возеҳ ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ амалӣ хоҳанд шуд", - гуфт вазир.
Лавров инчунин қайд кард, ки ӯ гузоришҳо аз ҷабҳаро тамошо мекунад.
"Онҳо бачаҳои зебо, ақли солим ва ифтихорманд ба кишвари худ ҳастанд. Садои онҳо аз он ҷо пас аз забти як маҳаллаи дигар - "душман мағлуб мешавад, пирӯзӣ аз они мост, кори мо одилона аст" - ин ибораи хеле пурқувват аст", - таъкид кард вазири умури хориҷии Русия.
Лавров таъкид кард, ки қатъ низоъ дар хатти имрӯзаи ҷанг ғайри имкон аст.
"Тасодуфӣ нест, ки овозҳои бештар аз қисматҳои гуногуни фазои муштараки мо даъват мекунанд, ки фавран ҷанг қатъ карда шавад. Ин кор нахоҳад сурат гирифт. Мо вақте ки ҳалли дарозмуддати ҷанг, боэътимод ва устувор ба даст биёрем, он замон ҷанг бас мешавад”, - гуфт вазир.
Военная помощь США Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Набераи Де Голл бар зидди интиқоли силоҳи Фаронса ба Украина баромад кард
Лавров илова кард, ки агар Русия ногаҳон ҳоло дар хатти тамос таваққуф кунем, мо дар асл имкон медиҳем, ки корнамоии бобою бобокалонамон, ки фашизмро мағлуб карданд, аз байн бурда шавад.
“Инро ба назар гирифтан ғайриимкон аст. Ин танҳо дар бораи он нест, ки имрӯз касе то чӣ андоза роҳат зиндагӣ мекунад - одамон аз ин ҳамлаҳои террористӣ азоб мекашанд, одамон мемиранд. Ин дар бораи масъулияти мо барои таърихи ҳазорсолаи давлати Русия аст", - таъкид кард ӯ.
Ин мақомдори рус илова кард, ки Русия то ба истифодаи усулҳои террористии Зеленский паст намеравад, аммо равиши худро сахттар мекунад,.

Равиш барои "нест кардани ҳама чизе, ки мошини ҷангии Украинаро аз Ғарб таъмин мекунад, сахттар хоҳад шуд",- гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров иттилоъ дод ИС "Вести".

"Мо аллакай ин корро карда истодаем ва онҳо аллакай ба шикоят шурӯъ кардаанд. Ва тасодуфӣ нест, ки овозҳои бештар аз гӯшаҳои гуногуни фазои муштараки мо даъват мекунанд, ки фавран қатъ карда шавад. Ин кор нахоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0