Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Бӯҳрони воқеӣ": украиниҳоро аз фалокати дарпешистода ҳушдор доданд

© AP / Michael ShtekelПоследствия удара по зерновозу "Золотой Лео" в Черном море недалеко от Одессы, Украина, 19 июля 2026 года.
Последствия удара по зерновозу Золотой Лео в Черном море недалеко от Одессы, Украина, 19 июля 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Нашрияи "Reuters" менависад, ки муҳосираи бандарҳо таҳдиди фалокат барои иқтисоди Украина дорад
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Саноати кишоварзии Украина аз сабаби мушкилоти логистикаи бандарӣ бо талафоти бузург дучор мешавад, менависад “Reuters”.
Тавре муаллиф тавзеҳ медиҳад, бо вуҷуди ҳосили фаровони имсола кишоварзон наметавонанд маҳсулоти худро фурӯшанд ва ин ба даромади онҳо барои гузарондани кишти соли оянда таъсир мерасонад. Яке аз кишоварзони украинӣ вазъи кунуниро фалокати воқеӣ номид.
"Агар Украина имрӯз зироат накорад, агар Украина маъсар накорад, ки барои лаҳистониҳо ва немисҳо лозим аст, гандум накорад, зироатҳои тирамоҳӣ накорад ва заминро ба кори баҳорӣ омода накунад, пас аз як сол мо шоҳиди бӯҳрони воқеии озуқаворӣ хоҳем шуд",- гуфт Феликс Федоров, директори корхонаи кишоварзии вилояти Харков.
Ба иттилои нашрия, ҳукумати Украина наметавонад барои ба эътидол овардани вазъ чорае биандешад ва иқдомоти қаблан эълоншуда мушкилоти мавҷударо ҳал намекунанд.
"Кишоварзӣ тақрибан 60 дарсади даромади содиротии Украинаро ташкил медиҳад ва муҳосира фишорро болои иқтисоди бе ин ҳам осебпазири замони ҷанг афзоиш медиҳад", - навиштааст нашрия.
Военная помощь США Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Набераи Де Голл бар зидди интиқоли силоҳи Фаронса ба Украина баромад кард
Вазири сиёсати аграрии Украина Тарас Висоцкий рӯзи 23 июл хабар дод, ки даромади киштиҳо ба бандарҳои Украина қатъ шуд, ҳаракат бо қарори соҳибони киштӣ мутаваққиф шуд. Аввали моҳи август Ассотсиатсияи боррасонҳои байналмилалии Украина аз суқути нақлиёт дар марзи Лаҳистону Украина дар пайи муҳосираи бандарҳои Баҳри Сиёҳи Украина хабар дод. Қариб 6,5 ҳазор мошини боркаш барои ба Лаҳистон рафтан дар навбат буданд; мӯҳлати интизорӣ ба ҳафт рӯз расид.
Вазорати сиёсати аграрии кишвар дар авоили моҳи август хабар дод, ки содироти маҳсулоти кишоварзии Украина метавонад дар солҳои 2026-2027 ба далели мушкилоти логистикӣ дар бандарҳои ин кишвар ду баробар коҳиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0