https://sputnik.tj/20260813/sodiroti-ghallai-ukraina-kohish-1079644227.html
Содироти ғаллаи Украина ба таври назаррас коҳиш ёфт
Содироти ғаллаи Украина ба таври назаррас коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи Strana.ua хабар дод, ки содироти ғаллаи Украина ба таври фавқуллода коҳиш ёфтааст
2026-08-13T15:41+0500
2026-08-13T15:41+0500
2026-08-13T15:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
ғалла
содирот
кишоварзӣ
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053206164_0:70:3088:1807_1920x0_80_0_0_ceb14d380843d79c4950d51e5d9f68af.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Содироти ғалла аз Украина бино бар муҳосираи бандарҳояш дар Баҳри Сиёҳ коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст, нашрияи украинии Strana.ua, дар истинод ба маълумоти Вазорати сиёсати аграрии Украина.23 июл вазири сиёсати аграрии Украина Тарас Висотский хабар дод, ки киштиҳо аз бандарҳои Украина ҳаракат надоранд; ҳаракати нақлиёт бо қарори соҳибони киштиҳо қатъ карда шудааст. Дар аввали моҳи август, Ассотсиатсияи экспедиторҳои байналмилалии Украина дар бораи суқути нақлиётӣ дар марзи Лаҳистон ва Украина дар пайи муҳосираи бандарҳои Баҳри Сиёҳи Украина хабар дод.Қариб 6500 мошини боркаш барои рафтан ба Лаҳистон дар навбат истода буданд ва вақти интизорӣ ба ҳафт рӯз расид."Содироти ғаллаи Украина дар шароити муҳосираи баҳрӣ коҳиш меёбад. Дар 12 рӯзи аввали моҳи август содироти гандум 4,3 маротиба коҳиш ёфта, ба 175 ҳазор тонна расид, ки дар ҳамин давраи соли ин нишонҳианда 759 ҳазор тоннаро ташкил медод. Содироти ҷав 5,6 маротиба коҳиш ёфта, ба 37 ҳазор тонна расид. Содироти ҷуворимакка 2,7 маротиба коҳиш ёфта, ба 68 ҳазор тонна расид", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар канали Telegram-и нашрия нашр шудааст.Дар аввали моҳи август Вазорати сиёсати аграрии Украина хабар дод, ки содироти маҳсулоти кишоварзии Украина метавонад дар солҳои 2026-2027 бинобар мушкилоти логистикӣ дар бандарҳои кишвар ду баробар кам шавад.
https://sputnik.tj/20260812/naqsha-fon-der-lyayen-ukraina-ittihodi-avrupo-khatar-1079621645.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053206164_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ae7692fa278a6555c8ffe543e04561f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, ғалла, содирот, кишоварзӣ, низоъ
украина, амалиёти вижа, ғалла, содирот, кишоварзӣ, низоъ
Содироти ғаллаи Украина ба таври назаррас коҳиш ёфт
Нашрияи Strana.ua хабар дод, ки содироти ғаллаи Украина ба таври фавқуллода коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Содироти ғалла аз Украина бино бар муҳосираи бандарҳояш дар Баҳри Сиёҳ коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст, нашрияи украинии Strana.ua, дар истинод ба маълумоти Вазорати сиёсати аграрии Украина.
23 июл вазири сиёсати аграрии Украина Тарас Висотский хабар дод, ки киштиҳо аз бандарҳои Украина ҳаракат надоранд; ҳаракати нақлиёт бо қарори соҳибони киштиҳо қатъ карда шудааст. Дар аввали моҳи август, Ассотсиатсияи экспедиторҳои байналмилалии Украина дар бораи суқути нақлиётӣ дар марзи Лаҳистон ва Украина дар пайи муҳосираи бандарҳои Баҳри Сиёҳи Украина хабар дод.
Қариб 6500 мошини боркаш барои рафтан ба Лаҳистон дар навбат истода буданд ва вақти интизорӣ ба ҳафт рӯз расид.
"Содироти ғаллаи Украина дар шароити муҳосираи баҳрӣ коҳиш меёбад. Дар 12 рӯзи аввали моҳи август содироти гандум 4,3 маротиба коҳиш ёфта, ба 175 ҳазор тонна расид, ки дар ҳамин давраи соли ин нишонҳианда 759 ҳазор тоннаро ташкил медод. Содироти ҷав 5,6 маротиба коҳиш ёфта, ба 37 ҳазор тонна расид. Содироти ҷуворимакка 2,7 маротиба коҳиш ёфта, ба 68 ҳазор тонна расид", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар канали Telegram-и нашрия нашр шудааст.
Дар аввали моҳи август Вазорати сиёсати аграрии Украина хабар дод, ки содироти маҳсулоти кишоварзии Украина метавонад дар солҳои 2026-2027 бинобар мушкилоти логистикӣ дар бандарҳои кишвар ду баробар кам шавад.