https://sputnik.tj/20260813/nazdik-million-sayyohi-tojik-uzbekiston-bozdid-1079628791.html
Наздик ба 2 миллион сайёҳи тоҷик аз Узбекистон боздид карданд
Наздик ба 2 миллион сайёҳи тоҷик аз Узбекистон боздид карданд
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи сайёхони хориҷӣ, ки ба кишвари ҳамсоя сафар кардаанд дар ҳафт моҳи соли равон ба 7,8 миллион нафар расидааст
2026-08-13T12:41+0500
2026-08-13T12:41+0500
2026-08-13T12:41+0500
дар тоҷикистон
сайёҳ
гардишгарӣ
узбекистон
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075894710_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_946d03f3ff1e32ee9246644876221d3e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, аз моҳи январ то июли соли равон аз Ӯзбекистон 7,8 млн. сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст.Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ин рақам тақрибан 1,4 миллион нафар ё 22,6% афзоиш ёфтааст.Қайд карда шудааст, ки сайёҳон Тоҷикистон аз рӯи боздид дар сегонаи аввал қарор доранд.Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2026 ҳудуди 1 миллиону 728 ҳазор нафар аз Тоҷикистон вориди кишвари ҳамсоя шудаанд.Аммо бештар аз ҳама аз Узбекистон сайёҳони Қирғизистон боздид кардаанд. Аз ин кишвар ба Узбекистон - 2,1 млн. нафар сафар кардааст.Қазоқистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Аз Ин кишвар 1,8 млн. сайёҳ аз Ӯзбекистон дидан кардаанд.Аз Тоҷикистон бо 1,7 млн. сайёҳ дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.Пас аз Тоҷикистон дар феҳрист Русия ҷой гирифтааст. дар тӯли ҳафт моҳ аз ин кишвар беш аз 710 ҳазор сайёҳ ба Узбекистон омадаанд.Аз Афғонистон низ шумораи зиёди сайёҳон ба қайд гирифта шудааст – 281 ҳазор дар ҳафт моҳ.Аз Чин дар ин давра ҳамагӣ наздик ба 270 сайёҳ ворид шудааст.Сипас дар ин феҳрист Туркманистон(192 ҳазор), Туркия (112 ҳазо), Ҳиндустон (32 ҳазор) ва Ҷумҳурии Корея (26 ҳазор) қарор гирифтаанд.Ҳамин тариқ, кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аксарияти ҷараёни сайёҳонро ба Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.Аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи аввали соли 2026 дар маҷмӯъ беш аз 5,7 миллионсайёҳ аз Узбекистон боздид кардаанд, ки аксарияти шумораи умумии сайёҳони хориҷиро ташкил медиҳад.Русия, Афғонистон, Чин, Туркманистон ва Туркия низ ҷараёни назарраси сайёҳиро ташкил доданд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/49849
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075894710_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_885cf738ff46ebcd1e3fbad9bb523e52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳ, гардишгарӣ, узбекистон, боздид
дар тоҷикистон, сайёҳ, гардишгарӣ, узбекистон, боздид
Наздик ба 2 миллион сайёҳи тоҷик аз Узбекистон боздид карданд
Шумораи сайёхони хориҷӣ, ки ба кишвари ҳамсоя сафар кардаанд дар ҳафт моҳи соли равон ба 7,8 миллион нафар расидааст
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, аз моҳи январ то июли соли равон аз Ӯзбекистон 7,8 млн. сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ин рақам тақрибан 1,4 миллион нафар ё 22,6% афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки сайёҳон Тоҷикистон аз рӯи боздид дар сегонаи аввал қарор доранд.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2026 ҳудуди 1 миллиону 728 ҳазор нафар аз Тоҷикистон вориди кишвари ҳамсоя шудаанд.
Аммо бештар аз ҳама аз Узбекистон сайёҳони Қирғизистон боздид кардаанд. Аз ин кишвар ба Узбекистон - 2,1 млн. нафар сафар кардааст.
Қазоқистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Аз Ин кишвар 1,8 млн. сайёҳ аз Ӯзбекистон дидан кардаанд.
Аз Тоҷикистон бо 1,7 млн. сайёҳ дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.
Пас аз Тоҷикистон дар феҳрист Русия ҷой гирифтааст. дар тӯли ҳафт моҳ аз ин кишвар беш аз 710 ҳазор сайёҳ ба Узбекистон омадаанд.
Аз Афғонистон низ шумораи зиёди сайёҳон ба қайд гирифта шудааст – 281 ҳазор дар ҳафт моҳ.
Аз Чин дар ин давра ҳамагӣ наздик ба 270 сайёҳ ворид шудааст.
Сипас дар ин феҳрист Туркманистон(192 ҳазор), Туркия (112 ҳазо), Ҳиндустон (32 ҳазор) ва Ҷумҳурии Корея (26 ҳазор) қарор гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аксарияти ҷараёни сайёҳонро ба Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.
Аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи аввали соли 2026 дар маҷмӯъ беш аз 5,7 миллионсайёҳ аз Узбекистон боздид кардаанд, ки аксарияти шумораи умумии сайёҳони хориҷиро ташкил медиҳад.
Русия, Афғонистон, Чин, Туркманистон ва Туркия низ ҷараёни назарраси сайёҳиро ташкил доданд.