Ҷангандаи F-16 – Туркия ҳангоми парвози тамринӣ суқут кард - видео

Обуна шудан
Вазорати дифоъи Туркия аз суқути ҷангандаи F-16-и сохти Амрико ва наҷоти халабон хабар дод
Рӯзномаи " Hurriyet” дар истинод ба Вазорати дифои Туркия хабар дод, ки ҳавопаймои ҷангии F-16-и Нерӯҳои ҳавоии Туркия ҳангоми парвози тамринӣ дар шаҳри Яловаи Туркия суқут кард.
Ҳавопаймо ба баҳр афтод ва баъдан таркиши монанд ба таркиши бомба рух дод.
Халабон тавонистанд ҳавопайморо тарк кунад. Ӯ зинда монд. Ба гуфтаи рӯзнома, сабаби садама номаълум боқӣ мемонад.
Эрон ҳавопаймои ҷангии насли панҷуми F-35-и Нерӯҳои Ҳавоии ИМА-ро зад.
23 июл дар минтақаи Маскав як ҳавопаймои тамринии ҷангӣ суқут кард. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки халабон тавонист аз ҳавопайморо тарк кунад. Ӯ ҳам зинда монд. Садама ҳангоми парвоз дар як минтақаи беодам рух дод.
9 июл як ҳавопаймои ҷангии F-16-и Нерӯҳои Ҳавоии Юнон пас аз вайрон шуданаш ба фурудгоҳи ҷазираи Закинтос фуруд омад. Ҳангоми парвоз сӯхтор ба амал омад ва пас аз он халабон тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи ҷазира фуруд ояд. Халабон зуд ҳавопайморо баъд аз фуруд тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0