https://sputnik.tj/20260813/farogirii-khonanda-maktab-viloyati-khatlon-1079648692.html
Фарогирии наздик ба 1 миллион хонандаи мактаб дар вилояти Хатлон
Фарогирии наздик ба 1 миллион хонандаи мактаб дар вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардааст, ки имсол дар мактабҳои вилоят беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд
2026-08-13T19:21+0500
2026-08-13T19:21+0500
2026-08-13T19:21+0500
дар тоҷикистон
хатлон
мактаб
хонанда
маориф
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073648990_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_12af6ee92b599555fd31df01c6e8d27a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Дар вилояти Хатлон 1403 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 942 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Дар ин бора ахиран зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 шумораи омӯзгорон 2182 нафар афзоиш ёфта ба шумории умумии онҳо ба 50 ҳазору 445 нафар расидааст.Дар муассисаҳои томактабии вилоят ва марказҳои рушди кӯдак 138 ҳазору 232 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили гузашта 24,7% буд.Ҳамзамон қайд карда шуд, ки хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.Дар соли таҳсили 2025–2026 14 ҳазору 251 хонанда ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 3640 медал шуданд. Аз ин шумора 829 медал тилло, 1196 медал нуқра ва 1615 медал биринҷӣ мебошанд.Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ низ беш аз 2000 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок намуда, 1167 нафар соҳиби медалҳои ифтихорӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20260807/tojikiston-darkhostho-omuzgoroni-rus-daqiq-tarikhi-tabii-peshsaf-1079539771.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073648990_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_6313dfbf297fea2ba1216c70afde5165.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, мактаб, хонанда, маориф, таҳсил
дар тоҷикистон, хатлон, мактаб, хонанда, маориф, таҳсил
Фарогирии наздик ба 1 миллион хонандаи мактаб дар вилояти Хатлон
Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардааст, ки имсол дар мактабҳои вилоят беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Дар вилояти Хатлон 1403 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 942 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар ин бора ахиран зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 шумораи омӯзгорон 2182 нафар афзоиш ёфта ба шумории умумии онҳо ба 50 ҳазору 445 нафар расидааст.
Дар муассисаҳои томактабии вилоят ва марказҳои рушди кӯдак 138 ҳазору 232 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили гузашта 24,7% буд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
Дар соли таҳсили 2025–2026 14 ҳазору 251 хонанда ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 3640 медал шуданд. Аз ин шумора 829 медал тилло, 1196 медал нуқра ва 1615 медал биринҷӣ мебошанд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ низ беш аз 2000 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок намуда, 1167 нафар соҳиби медалҳои ифтихорӣ шуданд.