Тилло дар Тоҷикистон гарон шудааст

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкГотовые маркированные слитки золота высшей пробы 99,99 процентов чистоты на Красноярском заводе цветных металлов имени В. Н. Гулидова.
Готовые маркированные слитки золота высшей пробы 99,99 процентов чистоты на Красноярском заводе цветных металлов имени В. Н. Гулидова.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2026
Обуна шудан
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон нархи дар ин рӯзҳои ахир ба таври назаррас боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Нархи тилло дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи охир ба таври назаррас боло рафтааст.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз 31 июл то 7 август арзиши тиллои ченакӣ вобаста ба вазн аз 5,2 то 5,3% боло рафтааст.
То 7 август нархи 5 грамм тилло 6570 сомониро ташкил дода буд, ки як ҳафта пеш арзиши он ҳамагӣ 6244 сомонӣ буд.
Ҳамчунин, нархи 10 грамм тилло аз 12366 сомонӣ ба 13019 сомонӣ расидааст.
20 грамм тилло бошад, аз 24598 ба 25904 сомонӣ расид.
Арзиши 50 грамм тилло дар ин давра аз 61280 сомонӣ ба 64545 сомонӣ ва 100 грамм тилло аз 122 485 сомонӣ ба 129 015 сомонӣ расидааст.
Бояд гуфт, ки болоравии нарх дар Тоҷикистон ба вазъи бозори ҷаҳонии тилло низ иртибот дорад.
Аввали моҳи август нархи як унсия тилло дар бозори байналмилалӣ ба ҳудуди 4370 доллар расид.
Бонки миллии Тоҷикистон нархи фурӯш ва бозхариди тиллоро ҳамарӯза муайян мекунад.
Ҳисобкунии нархҳо бар асоси қимати байналмилалии тилло анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар тағйирёбии нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба арзиши он дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки дар шаш моҳи охир Тоҷикистон ба 517 миллион доллар металлҳои қиматбаҳо содир карда шуданд, ки тақрибан 33%-и ҳаҷми умумии содироти хориҷиро ташкил медиҳад.
Сотрудник наполняет ёмкость гранулированным золотом высшей пробы 99,99. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2026
Тилло омили асосии афзоиши содироти Тоҷикистон будааст
Қаблан раиси БМТ гуфта буд, ки дар кишвар насби банокматҳои тило сурат мегирад, ки дастрасии аҳолӣ ба сабикаҳои тило сода карда шавад.
“Мо тасмим дорем таҷҳизоти махсусро барои ба фурӯш мондани тило ба роҳ монем. Он гуна ки банкоматҳо ҳастанд, таҷҳизоти махсус хоҳем гузошт, то одамон бевосита бидуни рафтан ба бонк ё хазинаи Бонки миллӣ аз ҳамон таҷҳизотҳои махсус грами зарурии сабикаро харидорӣ кунанд”, - гуфт Фирдавс Толибзода.
Вай афзуд, қарор аст ин иқдом дар соли 2026 ба роҳ монда шавад, то мардум ба сабикаҳо сода ва бештар дастрасӣ пайдо кунанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2025 ба маблағи 224 миллион сомонӣ ё ки баробар ба 200 кило тилло аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон харидорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳадди миёнаи захираҳои тилои Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, аз соли 2021 ба ин сӯ ҳудуди миёна 7 тонро ташкил мекунад ва як сабикаи 100-грамии он ба ҳолати 12 феврали соли равон аз сӯи Бонки миллӣ 152, 2 ҳазор сомонӣ харид ва 155, 3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0